Анушервони Одил Архив
Ба ҷони касон зинҳор махуред
| Сентябрь 26, 2020
Рубрика Аввал

Махур, гар туро ҳаст ҷон ҳушёр, Ба молу ба ҷони касе зинҳор, Ки зинҳорхора бувад тирарой, Накўҳида наздики халқи Худой! Ҳар он, к-ў ба
Ризои падару модар биҷўед
| Сентябрь 26, 2020
Рубрика Аввал

Бигардон зи беҳашматӣ рою рўй, Ризои падар в-они модар биҷўй! Бувад бар ту-бар ҳаққи эшон басе, Набошад чу эшон туро ҳар касе! Агарчӣ Худойи
Забуни занон мабошед
| Сентябрь 23, 2020
Рубрика Аввал

Рухи худ зи андуҳ зарирӣ макун, Ба дасти зан – андар асирӣ макун! Ҳар он, к-ў асири зани хеш гашт, Ҳама ҳашмату ҷоҳи худ
Бар занон эмин мабошед
| Сентябрь 23, 2020
Рубрика Аввал

Зи дасти занон чун хурӣ обу нон, Ҳазар кун, ки кажж аст ройи занон! Занонро набошад ба як зарра бок, На аз оташи тезу
Пирзанонро ба хона магузоред
| Сентябрь 23, 2020
Рубрика Аввал

Чу хоҳӣ, ки бебок бошад-т дил, Зани пир ҳаргиз ба хона маҳил, Ки аз пирзан кас набинад фараҳ, Ҷавон бо ҷавон, пир бо пир
Бо занон машварат макунед
| Сентябрь 17, 2020
Рубрика Аввал

Агар ташна бошӣ, ба фармони зан Махур обу бар оташат об зан! Ҳар он, к-ў занонро мусаххар шавад , Зи маѓзи харон маѓз чун
Ба тадбири кўдакон кор макунед
| Август 28, 2020
Рубрика Аввал

Агар бо дили ту хирад ҳаст ёр, Ба тадбири кўдак макун ҳеч кор! Дил аз ройи ҳар пиру кўдак битоб, Хато ҳам хато, гарчи
Нони худ хуред, сухани бад магўед
| Август 28, 2020
Рубрика Аввал

Чу дар хони худ нон хурӣ, бад магўй, Касеро ба айбе, ки бошад, маҷўй! Бувад нокасӣ гуфтани бад зи кас, Набошад писандида бар ҳеч
Зердастонро чўб мазанед
| Август 27, 2020
Рубрика Аввал

Зердастонро чўб мазанед Ба рух ҳар ки шуд пеши ту ҷойрўб, Нашояд бар ў захм кардан ба чўб! Дили зердастон маёзор ҳеҷ, Ки озор
Нон танҳо махуред
| Август 27, 2020
Рубрика Аввал

Нон танҳо махуред Чу Эзад диҳад мар туро нону ном, Махур, то тавонӣ, ту танҳо таъом! Бидиҳ нон ба мардум, бахилӣ биҳил, Ки нонгар
Девонаву аблаҳро панд мадиҳед
| Август 25, 2020
Рубрика Аввал

Ба оқил диҳӣ панд, бошад-т биҳ, Ба девонаву масту аблаҳ мадиҳ, К-аз ин ҳар се кас дур бошад хирад, Дили бехирад пандро нангарад! Ба
Аблаҳи модарзодро дору мадиҳед
| Август 25, 2020
Рубрика Аввал

Касе, к-аблаҳ аз модари хеш зод, Нашояд ба доруйи ў сим дод! На кори Худованд корест хурд, Қазои набишта нашояд сутурд! Ба гуфтори устоди
Бо бандагон ҷангу бозӣ макунед
| Август 19, 2020
Рубрика Аввал

Макун бозию ҷанг бо бандагон, Бипурс, ар надонӣ, зи донандагон, Ки банда фурўмояву дун бувад, Набошад чу озода, ҳарчун бувад! Касеро, ки аз нафси
Касе, ки хештанро нашояд, аз ў бипарҳезед
| Август 19, 2020
Рубрика Аввал

Касе, к-ў нашояд ба худ, чун сазад, Ки шояд ба ту, чун нашояд ба х(в)ад?! Писар, к-он нашояд ба фаррух падар, Набинад падар хуррамӣ
Аз ѓаммозон вафо маҷўед
| Август 18, 2020
Рубрика Аввал

Бувад дархури сад ҳазорон ҷафо, Ҳар он, к-ў зи ѓаммоз ҷўяд вафо! Ҷуҳуде, ки бошад варо зишт рўй, Бувад биҳтар аз мардуми ѓамзгўй !
Дар замини шўра тухм макоред
| Август 18, 2020
Рубрика Аввал

Замине, ки бумаш бувад шўразор, Дар ў тухм корӣ, наёяд ба кор! Ба тухму ба шўразамин бингарад, Касе, к-ў бар ин тар сухан раҳ
Ба дуздон ошнойӣ мадиҳед
| Август 11, 2020
Рубрика Аввал

Ба дуздон магард, ошнойӣ мадиҳ, Ба колои эшон гувойӣ мадиҳ! Ба дуздон биёмехтан рой нест, Ки колои дуздон дилорой нест! Касеро, ки дуздӣ бувад
Дар хонаи туҳматзадагон машавед
| Август 11, 2020
Рубрика Аввал

Чу хоҳӣ, ки ҳаргиз набошӣ дижам , Манеҳ пой дар хонаи муттаҳам! Бари он, ки бадном бошад, мапўй, Ки олуда гардӣ ба монанди ўй!
Чашму забону даст нигаҳ доред
| Август 11, 2020
Рубрика Аввал

Чу хоҳӣ, ки шаккар хурӣ бекабаст , Нигаҳ дор чашму забону ду даст! Чу ин ҳар се бошад ба фармони ту, Бувад раста аз
Аввал ниҳол бишнонед, он гаҳ дарахт барканед
| Август 10, 2020
Рубрика Аввал

Аз аввал дарахти ҷавона бикор , Пас он гаҳ куҳанро ҳаме бар зи кор! Яке нонишонда, яке барканӣ, Бувад, бегумон, хештандушманӣ! Бад-ин ҳасбу ин
Ба худнониҳода тамаъ макунед
| Август 10, 2020
Рубрика Аввал

Ба чизе, ки ту ҷой нанҳодайӣ, Макун тамъ, агар марди озодайӣ! Накўҳида бошад бари халқ дузд , Бувад куштани дузд бар халқ музд! Ба
Харҷ ба андозаи дахл кунед
| Август 10, 2020
Рубрика Аввал

Чу дахлат бувад кам, макун харҷ беш, Ба андозаи дахл кун харҷи хеш! Макун харҷ даҳ-даҳ, чу дахлат нуҳест, Ки аз «нест» андар ҷаҳон
Ҷанги касонро ба хештан махаред
| Август 8, 2020
Рубрика Аввал

Ба худ боз ҳаргиз махар ҷанги кас, Бипардоз дилро зи кому ҳавас! Фариза набошад зи баҳри касон Ба худ баркушодан касонро забон! Касе, к-ў
Пой ба андозаи гилем кашед
| Август 8, 2020
Рубрика Аввал

Аз андоза бартар маниҳ пойи хеш, Хирадро нигаҳ дор бар ҷои хеш! Чу бархезӣ аз хобгаҳ бомдод, Ба худ дарнигар, то чи-т ояд ба
Фарзандонро пешаи некў биёмўзед
| Август 8, 2020
Рубрика Аввал

Биёмўз пеша ту фарзандро, Ба ҷон бозхар ин накў пандро! Гузида бикун пеша аз пешаҳо, Дилатро барӣ кун зи андешаҳо! Чу гўяндат, он гаҳ
Бо касе ситезаву лаҷоҷ макунед
| Август 5, 2020
Рубрика Аввал

Лаҷуҷӣ писандидаву наѓз нест, Лаҷуҷӣ ба ҷуз кори бемаѓз нест! Макун бо касон, то тавонӣ, лаҷоҷ Фузунтар макун пойи худ аз давоҷ ! Лаҷоҷ
Дар корҳо мудоро кунед
| Август 5, 2020
Рубрика Аввал

Мудоро ба ҳар кор кардан накўст, Чи бо зишт душман, чи бо хуб дўст! Чу ҳангоми тезӣ мудоро кунӣ, Зи хоки сияҳ мушки соро
Аз балои касон ибрат гиред
| Август 5, 2020
Рубрика Аввал

Салоҳи ҷаҳон гарчи пайванди туст, Балои касон ибратафканди туст! Балои касонро ба ибрат бибин, Сипоси Ҷаҳонофарин баргузин! Дилу сар тиҳӣ кун зи боди ҳавас,
Бар рехтаву сўхта ѓам махўред
| Август 4, 2020
Рубрика Аввал

Чу чизат шавад рехта, сўхта, Макун дидаро боз бар дўхта! Бувад чиз ҳар гаҳ, ки хоҳӣ ту низ, Чи суд аст ѓам хўрдан аз
Ба андўҳи касон шод машавед
| Август 4, 2020
Рубрика Аввал

Чу бинӣ касе баста дар банди ѓам, Макаш бар дили худ зи шодӣ рақам. Ба андўҳи ў шодмона машав, Ки пеш оядат ончунон нав
Дунёро ба нодонӣ магзаронед
| Июль 24, 2020
Рубрика Аввал

Ба нодонӣ – андар мапаймой роҳ, Ба бедонишӣ зиндагонӣ махоҳ! Мадиҳ умр бар бод, агар огаҳӣ, Ба хорию нодонию аблаҳӣ! Туро зиндагонӣ Худованди дод
Маргро фаромўш накунед
| Июль 24, 2020
Рубрика Аввал

Чу манзил шинос ин ҷаҳони каҳун , Чунон дон, ки ҳар соъат ояд ба бун ! Ба сони яке корвонгоҳ дон, Бар ў ҷумлагӣ
Бар бало сабр кунед
| Июль 23, 2020
Рубрика Аввал

Балое, ки пеш орадат чархи пир, Ба ҷуз сабр кардан набошад гузир ! Бувад баста бо ҳар ѓаме нозбоз, Ки баста-ст бо ҳар нишебӣ
Хурсандӣ пеша гиред
| Июль 23, 2020
Рубрика Аввал

Ба чизе, ки додат Ҷаҳонкирдигор, Дилатро бад-он дода хурсанд дор! Зи бешӣ бувад ҷони мардум фигор, Чӣ биҳтар зи хурсандӣ, ай хуб ёр?! Зи
Зиндаги
| Июль 20, 2020
Рубрика Аввал

Зиндаги бо як дам мегузарад. Дамхо аз пайи хам мегузарад, Эй бехабар зи хоб бедор шав. В агар на Ин дамхо бе Самар мегузарад,
Хештанро ба ростӣ маъруф кунед
| Июль 17, 2020
Рубрика Аввал

Чу аз ростӣ номи ту шуд баланд, Ду пойи дурўѓ андаровар ба банд! Ба ҷуз ростӣ, то тавонӣ маҷўй, Ки раста шавад мардуми ростгўй!
Камозориву бурдборӣ пеша кун
| Июль 17, 2020
Рубрика Аввал

Чу равшан шавад ҷонат аз доду дин, Камозориву бурдборӣ гузин ! Камозор мардум бувад камзиён, Бувад шодмона ба ҳар ду ҷаҳон! Аз озори мардум
Ғумайяк
| Июль 13, 2020
Рубрика Аввал

Боз рузе мешавад сабзу гулистон Ғумайяк Чун гулистони Ирам бостонсарои Ғумайяк Ҳиммати мардони номи номдораш мекунанд Бар сари нуки забон оранд нишони Ғумайяк Дар
Сирри дил пеши касон гуфтани мо беадабист,
| Июль 12, 2020
Рубрика Аввал

Сирри дил пеши касон гуфтани мо беадабист, Харфи ҳис кори нигоҳ асту сухан зери лабист. Гунчаро майли шукуфоӣ фаро омаду лек, Арақи шарму ҳаё
Менагуям ба касе,роз,миёни ману туст,
| Июль 12, 2020
Рубрика Аввал

Менагуям ба касе,роз,миёни ману туст, Хар чи дорем ба миён,кори нихони ману туст. Наравам чониби майхона,ки гуям ду сухан, Он ду харфи хушу зебо
Аз ин ҷаҳон номи некў баред
| Июль 10, 2020
Рубрика Аввал

Чу тан дорию бахту ҳар ду ҷавон, Бияндўз номи накў дар ҷаҳон.! Ҷавони накўном воло бувад, Аз он номи некў ба боло равад! Бувад
Танро фидойи дин кунед
| Июль 10, 2020
Рубрика Аввал

Тан аз баҳри дин базл кардан равост, Чу динро фурўшанд, ҷонаш баҳост! Бувад марди диндор фархундабахт, Мар ўро бувад дин биҳ аз тоҷу тахт!
Молро фидойи тан кунед
| Июль 9, 2020
Рубрика Аввал

Зи баҳри тану ҷон бувад сўзиён , Касеро, ки хоҳад расидан зиён. Чу ҷон гашт хоҳад ҳаме коста, Чӣ дармон, ба ҷуз додани хоста?!
Ба ноозмуда ҳамроҳӣ макунед
| Июль 9, 2020
Рубрика Аввал

Касе, к-озмудиш дар неку бад, Ба неку ба бад ёри ту ў сазад ! Накарда касеро касе озмун, Бувад бехирад, гар кунад раҳнамун! Чу
Даст ба камари ҳар кас мазанед
| Июль 8, 2020
Рубрика Аввал

Надида касеро гаҳи сулҳу ҷанг, Нашояд задан дар камаргоҳ чанг! Ҳама кас чунон дон, ки аз ту биҳанд, Агарчи ба зод аз ту киҳ
Корҳоро ба газоф макунед
| Июль 8, 2020
Рубрика Аввал

Газофа бувад кори девонагон, Газофа надиданд фарзонагон! Газоф аст гуфтору кори ту лоф, Ба охир пушаймонӣ орад газоф! Чунин гуфт дар дафтар он марди
Чу дар коре шавед, берун омаданро некў бингаред
| Июль 7, 2020
Рубрика Аввал

Ба коре, ки андар шудан ройи туст, Бурун омаданро нигаҳ кун дуруст! Бибин, гар тавонӣ бурун омадан, Пас он гоҳ кун азми андар шудан,
Ба корҳо сустӣ макунед
| Июль 7, 2020
Рубрика Аввал

Чу хоҳӣ, ки коре кунӣ ногузир, Чунон кун, ки бошад туро дилпазир! Ба фарҷому анҷом андар нигар, Бипаймой аввал накў пову Сар! Чу вақт
Ба корҳо шитоб макунед
| Июнь 29, 2020
Рубрика Аввал

Писандида ҳаргиз набошад шитоб, Шитоб афканад ҷони мардум ба тоб! Шитобандаро дар ҷаҳон ном нест, Ба гетӣ шитобандаро ком нест! Касе, к-ў ба коре
Кори ноҷустанӣ маҷўед
| Июнь 29, 2020
Рубрика Аввал

Зи ноҷустанӣ кам шавад обрўй, Кӣ гўяд, ки ноҷустаниро биҷўй?! Ҳар он, к-ў ба ноҷустанӣ дил ниҳад, Гуле барканад наѓзу бар гил ниҳад. Ба
Кори нокарданӣ макунед
| Июнь 23, 2020
Рубрика Аввал

Ҳар он, к-ў кунад кори нокарданӣ, Бувад бар раҳи кеши оҳарманӣ ! Зи нокарданӣ корҳо дур бош, Хирад подшо кун, ту дастур бош! Ҳар
Ногуфтанӣ сухан магўед
| Июнь 23, 2020
Рубрика Аввал

Зи ногуфтанӣ ҳар ки бошад хамўш, Дилаш аз шунидан наёяд ба ҷўш. Зи гуфтори беҳуда ҷуз ранҷ нест, Чу хомўшӣ андар ҷаҳон ганҷ нест!
Панди ҳақимон пазиред
| Июнь 18, 2020
Рубрика Аввал

Бибояд пазируфт панди ҳаким, Ки панди ҳакимон биҳ аз зарру сим! Танатро зи панд аст бисёр суд, Аз он кас, ки гўяд, бибояд шануд!
Балоро пазира мешавед
| Июнь 18, 2020
Рубрика Аввал

Касе, к-ў бувад бар хирад мубтало, Гурезанда бошад зи доми бало. Бало чун бибинӣ, аз ў даргузар, Макун дар бало хешро хирасар! Балоҷўй мардум
Корро ба донандагон фармоед
| Июнь 17, 2020
Рубрика Аввал

Ҳар он кас, ки бинад хирад ёри хеш, Ба наздики доно барад кори хеш. Ба доно супорад зимому лагом, Ки доно ба ҳар кор
Хештаншиносро аз мо дуруд диҳед
| Июнь 17, 2020
Рубрика Аввал

Касе, к-ў тани хештанро шинохт, Ба майдони ком аспи иқбол тохт. Касе, к-ў шиносандаи хештан Набошад, бувад дев ё аҳраман! Гар ў хештанро шиносанда
Дар оѓози ин сухан гўяд
| Июнь 16, 2020
Рубрика Аввал

Ҷаҳондида диҳқон чунин кард ёд, Ки Кисро чу тоҷи шаҳӣ барниҳод, Ба пирўз рўзе яке сур кард, Ҷаҳонро аз оҳарманон дур кард. Ба доду
Гуфтор андар хирад
| Июнь 16, 2020
Рубрика Аввал

Чу дониш бувад бо хирад, биҳтар аст, Ки кон дониш асту хирад гавҳар аст! Хирад барнишонад абар тахти оҷ , Хирад барниҳад бар сари
Пандномаи Анўшервон
| Июнь 16, 2020
Рубрика Аввал

Сипос аз Худованди чархи баланд, Ки дар дил нагунҷад аз ў чуну чанд. Ҷаҳонофарин кирдигори сипиҳр, Фурўзандаи пайкари моҳу миҳр, Ба ҷуз бандагӣ мар