Анушеврони Одил Архив
Бо газофгўён маншинед
| Август 14, 2020
Рубрика Аввал

Касе, к-ў занад лофу гўяд газоф , Макун гирди ў, то тавонӣ, тавоф, Ки аз лофзан кас набинад вафо, Баланд аст мар лофзанро қафо!
Бе ҳамроҳ ба роҳ маравед
| Август 14, 2020
Рубрика Аввал

Чу орӣ ба рафтан суви роҳ рўй, Аз аввал яке нек ҳамроҳ ҷўй, Ки ҳамроҳ бошад туро дастгир, Чу коре ба пеш оядат ногузир!
Ба ҳамсоягии подшоҳ хона магиред
| Август 14, 2020
Рубрика Аввал

Чу бошад хирад мар туро дастгир, Ба ҳамсояи мир хона магир, Ки мир арчи бошад ба ту некрой, Чу бадрой гардад, надорӣ ту пой!