Аскар Ҳаким Архив

ДУ ТАШНАЛАБ

Ба лаби чашмаи кӯҳӣ омад Ташналаб духтараки чилкокул. Сари сарчашмаи сероб нишаст, То хурад об аз он чашмаи гул. Рӯйи худ дид дар ойинаи

АТРИ МУҲАББАТ

Атри муҳаббат медиҳад шабҳои хушбӯйи баҳор, Бе ту насибам чун бувад шабҳои хушрӯйи баҳор, То ман намонам бенасиб, эй ту насиби ман, биё!  

АЗ НАВБАҲОРИ РӮЯТ…

Аз навбаҳори рӯят ман навбаҳор ёбам, Дар рӯзҳои абрӣ муштоқӣ офтобам. Даргоҳи дил бигардад то офтобрӯя, Аз офтоби рӯят як лаҳза рӯ натобам. Сӯйе

ДИГАР КАЙ МЕРАСАД ДИДА БА ДИДОР?!

Чу берун меравам з-ин остона, Дигар ин остону осмона Маро бо ту нахоҳад дид, эй ёр, Дигар кай мерасад дида ба дидор?! Ба назди

БА ТУ ИМШАБИ БАҲОРОН…

Ба ту имшаби баҳорон ҳама сабзу гулфишонам, Ки ту чун баҳор созӣ тару тоза ҷисму ҷонам. Ту ба шаҳри тирарӯйе, ки бувад ғуборолуд, Бикушойӣ

БО БАҲОРИ САБЗУ МУРҒОНИ САФЕД

Ханда мекардӣ ту дар оғуши ман Бо ҳавасҳову ҷавониҳои хеш. Мӯйҳоят дар бару дар дӯши ман Мавҷ мезад чун хаёли ман пареш. Ошёни тирае

ДАР САЙР

Эй мурғ, мазан зинҳор Бар захми дилам минқор, К-аз реши равони он Хун мечакад аз озор. Эй бод, макун бозӣ Бо мӯйи парешонам, К-аз

ЛОЛАИ СӮЗОН

Лаби ҷӯ барги зуф зор асту сархам, Зи хотирҳо бувад қоқу фаромӯш. Дар ин ҷо навбаҳорон ҳам нагардад Сияҳгӯше дигар зеби баногӯш. Нишинад сӯзанак

МАСХАРАБОЗ

Хуб донам, ки ба даври айём На ба ҳар тоифа ҳайкал созанд. Лек бояд, ки ба иззу икром Ҳайкали масхарабоз афрозанд. Оқибат пайкара бояд

МАРДЕ АЗ БАЛКОН…

Марде аз балкон саҳарҳо мекунад фарёд, Марде аз балкон писарро мекунад фарёд. Ӯ басо маъюсу маҳзун мекунад фарёд, Як вуҷуди решу дилхун мекунад фарёд.

РУҶӮИ СЕВАК

Навиштае ба зери акси рассоми арман Мартирос Сарян ва Паруйр Севак, ки дар он шоир дасти рассоми 90-соларо бо эҳтиром мебӯсад. Магар гулҳо ба

РОСТИИ ҚОМАТИ ДЕВОРҲО…

Ростии қомати деворҳо Рост дорад қомати меъморро. Зиндагии тоза мебахшад шабе Мисраи тар шоири бедорро. То шавад ҳар одамизод одаме, Бояд аз худ сохт

АРОБАИ КӮҲНА

Ҳамчу бори куҳан ба пуштаи деҳ Мондааст ин аробаи вайрон. Чархҳояш ба хок рафту фурӯ, Соғу атфода як тараф ҳайрон. Тахтаҳои нагуну бишкаста Дар

ТУТЗОРИ АЗИМ

Самои Сорбоғ аз бедимоғӣ Сарашро монда буд андар сари кӯҳ. Агар бори само бар дӯши куҳ буд, Ба дӯши мардумаш буд бори андӯҳ. Садои

КИШТИ ТАҚДИР

Заминро барзгар танҳо барои худ намекорад, Барои хештан танҳо намеафшонад ӯ дона. Агарчи чоши гандум ҳосили ранҷу азоби ӯст, Дар он хирман вале бошад

ТИРАЧАШМЕ БО ЧАРОҒ

Тирачашме шабона раҳ мебурд, Дошт фонуси равшане дар даст. «- Ту, ки зулмат зи нур нашносӣ, Аз чароғӣ раҳат чӣ суде ҳаст?» «-Ин чароғам

ШЕЪРИ ВАТАН

Ба ёди Мирзо Турсунзода Рӯзи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан, Шод бодо рӯҳи ту, то нек бошад рӯзи ман. Мекунад шеъри

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Нест исме ҷовидону нест ҷисме ҷовидон, Зери гардун бонишону бенишон миранда аст. Гар наёбад насли инсон ҷони ҷовид аз сухан, Ин тану тӯши амонат

ТУ МАРО, ЭЙ ДИЛ…

Ту маро, эй дил, чӣ савдое ба сар овардаӣ, Бо туям ҳамдостонӣ сах меояд гарон. Лаҳзае хоҳам, ки бошам бе дилу бе дарди дил,

ҲАМОҒӮШ

Гул ҳамоғӯш ба хоре рустаст, Аҳд гӯё ки ба ёре бастаст. Лек хораш тани гул озорад, Ҳар нафас ранҷи наваш боз орад. Теша бар

СУРУДИ ФАРДО

Ман аз баҳори навангез бо шумо мардум, Дуруд хоҳам гуфт, Суруд хоҳам гуфт. Дар ин баҳор ниҳолони тар ҷавона кунанд, Парандагон ба дарахтони сабз

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст, Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм. Ман қадам ҷун мениҳам, дар зери

Бедорхобӣ

Бо ту ҳар чӣ рўзҳоям офтобӣ, офтобӣ, Бо ту ҳар чӣ шомҳоям моҳтобӣ, моҳтобӣ. Орзуи ошиқона зистан дар ман шукуфад Тоза аз нилуфару сабзу