Ҳофизи Шерозӣ Архив

ЗИ КӮЙ ЁР МЕОЯД НАСИМИ НАВРӮЗӢ

Зи кӯй ёр меояд насими боди наврӯзӣ, Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ, Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат

БУЛБУЛОНЕ, КИ ДАР МАВСИМИ ГУЛ ХОМӯШЕМ

Дӯстон, вақти гул он беҳ,ки ба ишрат кӯшем, Сухани пири муғон аст ба ҷон, май нӯшем. Нест дар кас караму вақти тараб мегузарад, Чора

Эй бод, насими ёр дорӣ

Эй бод, насими ёр дорӣ. 3-ои нафҳаи мушкбор дорӣ. Зинҳор макун дароздастӣ. Бо гурраи ӯ чӣ кор дорӣ? Эй гул, ту куҷову рӯии зебош?

Бигрифт кори ҳуснат, чун ишки ман камоле

Бигрифт кори ҳуснат, чун ишки ман камоле, Хуш бош з-он, ки набвад ин хар дуро заволе. Дар ваҳм менагунҷад, к-андар тасаввури ақл, Ояд ба

Падид омад русуми бевафоӣ

Падид омад русуми бевафоӣ, Намонд аз кас нишони ошноӣ. Баранд аз фоқаназди ҳар хасисе Кунун аҳли ҳунар дасти гадоӣ. Касе, к-ӯ фозил аст имрӯз

Биё бо мо маварз ин кинадорӣ

Биё бо мо маварз ин кинадорӣ, Ки ҳаққи сӯҳбати дерина дорӣ. Насиҳат гӯш кун, к-ин дур басе беҳ, Аз он гавҳар, ки дар ганҷина

Бо силсилаи зулфи дароз омадаӣ

Эй, ки бо силсилаи зулфи дароз омадаӣ, Фурсатат бод, ки девонанавоз омадаӣ. Соъате ноз мафармову бигардон одат, Чун ба пурсидани арбоби ниёз омадаӣ. Пеши

Эй зи шарми оразат гул карда хай

Эй зи шарми оразат гул карда хай, Пурарак пеши ақиқат ҷоми май. Жола бар лоласт ё бар гул гулоб, Ё бар оташ об ё

Зулфи чун занҷир

Манам аз зулфи чун занҷири ёре Парешонтолеъе девонаворе. Ба ғайр аз ошикиву майпарастӣ, Зи дастам барнаёяд хеҷ коре. Нагардад гирди ӯ ғам, хар кӣ

Лабаш мебӯсаму дармекашам май

Лабаш мебӯсаму дармекашам май, Ба оби зиндагонӣ бурдаам пай. На розаш метавонам гуфт бо кас На касро метавонам дид бо вай. Лабаш мебӯсаду хун

Висоли ӯ зи умри човидон беҳ

Висоли ӯ зи умри човидон беҳ, Худовандо, маро он деҳ, ки он беҳ! Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам, Ки рози дӯст аз душман

Гулбуни айш медамад

Гулбуни айш медамад, соқии гулъузор ку? Боди баҳор мевазад, бодаи хушгувор ку? Ҳар гули нав зи гулрухе ёд ҳамекунад, вале Гӯши суханшунав куҷо, дидаи

Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту

Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту, Пардаи ғунча медарад хандаи дилкушои ту. Эй гули хушнасими ман, булбули хешро масӯз, К-аз сари сидқ мекунад шаб

Эй кабои подшоҳӣ рост бар болои ту

Эй кабои подшоҳӣ рост бар болои ту, Зинати тоҷу нигин аз гавҳари волои ту. Офтоби фатҳро ҳар дам тулӯъе медиҳад Аз кулохи хусравӣ рухсори

Мазраъи сабзи фалак

Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав. Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав. Гуфтам: «Эй бахт, бихуспидиву Хуршед дамид.» Гуфт: «Бо ин ҳама

Ба кӯйи мо гузар кун

Эй шом, ба кӯйи мо гузар кун! Эй субҳ, ба ҳоли мо назар кун! Дар зулмати шаб танам бифарсуд, Ё Раб, шаби зулматам саҳар

Донӣ, ки чист давлат?

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан, Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан. Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин Аз дӯстони чонӣ

Эй хусрави хубон

Эй хусрави хубон, назаре сӯйи гадо кун, Раҳме ба мани сӯхтаи бе сару по кун! Дорад дили дарвеш таманнои нигоҳе, 3-он чашми сияҳмаст ба

Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома бар тан

Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома бар тан, Кунам чок аз гиребон то ба доман. Танатро дид гул, гӯйи, ки дар боғ, Чу

Чандон, ки гуфтам ғам бо табибон

Чандон, ки гуфтам ғам бо табибон, Дармон накарданд мискин ғарибон. Он гул, ки ҳар дам дар дасти бод аст, Гӯ, шарм бодат аз андалебон.

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем, Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем. Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем. Шароби арғавониро гулоб

Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем

Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем, Худ ғалат буд, он чӣ мо пиндоштем. То дарахти дӯстӣ кай бар диҳад? Ҳолиё рафтему тухме коштем Гуфтугӯ

Ман тарки ишқи шоҳиду соғар намекунам

Ман тарки ишқи шоҳиду соғар намекунам, Сад бор тавба кардаму дигар намекунам. Боғи биҳишту сояи тубиву қасри ҳур, Бо хоки кӯйи дӯст баробар намекунам.

Санам

Санамо бо ғами ишки ту чӣ тадбир кунам, То ба кай дар ғами ту нолаи шабгир кунам. Дили девона аз он шуд, ки насиҳат

Ман на он риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам

Ман на он риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам, Мӯхтасиб донад, ки ман ин корҳо камтар кунам. Ман, кн айби тавбакорон карда бошам борҳо.

Мазан бар дил зи нӯки ғамза тирам

Мазан бар дил зи нӯки ғамза тирам, Ки пеши чашми беморат бимирам! Нисоби ҳусн дар ҳадди камол аст, Закотам деҳ, ки мискину фақирам. Чу

Ба теғам гар кушад

Ба теғам гар кушад, дасташ нагирам, В-агар тирам занад, миннатпазирам. Камони абрӯятро, гӯ бизан тир, Ки пеши дасту бозуят бимирам! Ғами гетӣ гар аз

Дилатро гар ҳаҷар гуфтем

Дилатро гар ҳаҷар гуфтем, гуфтем, Кадатро гар шаҷар гуфтем, гуфтем. Хататро мушк агар хондем, хондем, Қадатро сарв агар гуфтем, гуфтем. Бигуфтемат, ки дорӣ то

Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам

Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам, Ки аз болобаландон шармсорам. Магар занҷири мӯе гирадам даст, Вагарна сар ба шайдоӣ барорам. Зи чашми ман бипурс

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам, Бандаи ишқаму аз ҳарду ҷаҳон озодам. Тоири гулшани қудсам, чӣ диҳам шарҳи фироқ, Ки дар ин домгаҳи ҳодиса

Зулф бар бод мадеҳ

Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ барбодам, Ноз бунёд макун, то наканӣ бунёдам. Май махӯр бо ҳама кас, то нахӯрам хуни ҷигар, Сар макаш,

Салсабил

Эй рухаш чун хулду лаълат салсабил, Салсабилат карда ҷону дил сабил. Сабзпӯшони хатат бар гирди лаб, Ҳамчу мӯҳронанд гирди Салсабил. Новаки чашми ту дар

Толеъ агар мадад кунад

Толеъ агар мадад кунад, доманаш оварам ба каф, Гар бикашам, зиҳӣ тараб, в-ар бикушад, зиҳишараф! Тарфи карам зи кас набаст ин дили пурумеди ман,

Корест мушкил бо дили хеш

Маро корест мушкил бо дили хеш, Ки гуфтан менаёрам мушкили хеш. Хаёлат донаду ҷони ман аз ғам, Ки ҳар шаб дар чӣ корам бо

Бибурд тоқату ҳуш

Бибурд аз ман қарору тоқату ҳуш, Бути сангиндили симинбаногуш. Нигоре, чобуке, шанге, кулаҳдор, Зарифе, маҳваше, турке, қабопӯш. Зи тоби оташи савдои ишқаш Ба сони

Хушо Шерозу вазъи бемисолаш

Хушо Шерозу вазъи бемисолаш, Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш. Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ Ки умри Хизр мебахшад зулолаш. Миёни Ҷаъфарободу Мусалло, Абиромез меояд

Шароби талх мехоҳам

Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш, Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш. Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осоиш, Мазоки ҳирсу

Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон

Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон моро бас, 3-ин чаман сояи он сарви равон моро бас. Ману ҳамсӯҳбатии аҳли риё? Дурам бод! Аз гаронони ҷаҳон ратли

Таманнои лабат комам ҳанӯз

Барнаёбад аз таманнои лабат комам ҳанӯз, Бар умеди ҷоми лаълат дурдошомам ҳанӯз. Рӯзи аввал рафт динам дар сари зулфайни ту, То чӣ хоҳад шуд

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз, Пештар з-он, ки шавад косаи сар хокандоз. Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст, Ҳолиё ғулғула дар гунбади

Ғам махӯр

Юсуфи гумгашга боз ояд ба Канъон, ғам махӯр Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр! Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад, дил бад макун,

Ёри азиз

Эй сабо, накҳате аз хоки раҳи ёр биёр, Бибар андӯҳи дилу муждаи дилдор биёр! Нуктаи рӯҳфазо аз даҳани дӯст бигӯ, Номаи хушхабар аз олами

Даст аз талаб надорам

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, Ё тан расад ба ҷонон ё ҷон зи тан барояд. Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,

Ҳаргиз аз ёди ман наравад

Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу чон наравад, Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад. Аз димоғи мани саргашга хаёли рухи дӯст, Ба

Мусулмонон маро вақте диле буд

Мусулмонон маро вақте диле буд, Ки бо вай гуфтаме, гар мушкиле буд. Ба гирдобе чу меафтодам аз ғам. Ба тадбираш умеди соҳиле бул. Диле

Корам зи даври чарх ба сомон намерасад

Корам зи даври чарх ба сомон намерасад, Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад. Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон То обрӯ

Щоҳидон

Щоҳидон гар дилбарӣ з—ин сон кунанд, Зоҳидонро рахна дар имон кунанд. Ҳар куҷо он шохи наргис бишкуфад, Гулрухонаш дида наргисдон кунанд. Эй ҷавони сарвқад,

Онон

Онон. ки хокро ба назар кимиё кунанд, Оё бувад. ки гӯшае чашме ба мо кунанд? Дардам нуҳуфта беҳ зи табибоне муддаъӣ. Бошад, ки аз

Он май, ки дӯш соқии мо дар пиёла кард

Он май, ки дӯш соқии мо дар пиёла кард, Тадбири зӯҳди зоҳиди ҳафтодсола кард. Бо ҷони ташнагони ғамат бодаи сабӯҳ, Кард он чи дӯш

Ҷанги ҳафтоду ду миллат

Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд, Гили одам бнсириштанду ба паӣмона заданд. Сокинони ҳарами сатру афофи малакут, Ба мани роҳнишин бодаи мастона заданд.

Аз ғуса наҷотам доданд

Дӯш вақти саҳар аз ғуса наҷотам доданд, В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд. Бехуд аз шаъшаъаи партави зотам карданд, Бода аз ҷоми таҷаллӣ

Саҳарам давлати бедор ба болин омад

Саҳарам давлати бедор ба болин омад, Гуфт: «Бархез, ки он Хусрави Ширин омад. Қадаҳе даркашу сархуш ба тамошо бихиром, То бибинӣ, ки нигорат ба

Хуш омад

Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад, Ки дар дастат ба ҷуз соғар набошад. Замони хушдилӣ дарёбу дур ёб, Ки доим дар садаф гавҳар

Хотир, ки ҳазин бошад

Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад, Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад. Аз лаъли ту гар ёбам ангуштарии зинҳор, Сад

Ҳар киро хоки сари кӯйи ту маскан бошад

Ҳар киро хоки сари кӯйи ту маскан бошад, Пеши ӯ гулшани фирдавс чу гулхан бошад. Гар ҷаҳон равшанӣ аз партави Хуршед гирифт, Чашми ушшоқба

Ёрам

Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад, Бозори бутон шикаст гирад. Ҳар кас, ки бидид чашми ӯ, гуфт: “Ки мӯҳтасибе,ки маст гирад ?” Дар баҳр

Дил аз ман бурд

Дил аз ман бурду руй аз ман ниҳон кард, Худоро, бо кӣ ин бозӣ тавон кард? Шаби танҳоиям дар қасди ҷон буд, Хаёлаш лутфҳои

Биё, ки турки фалак хони рӯза ғорат кард

Биё, ки турки фалак хони рӯза ғорат кард, Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард. Савоби рӯзаву ҳаҷҷи қабул он кас бурд, Ки хоки

Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард

Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард, Ки ишқи рӯйи гул бо мо чиҳо кард? Аз он ранги рухам хун дар дил афтод, В-аз ин

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷахон надорад

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷахон надорад, Ҳар кас, ки ин надорад, ҳаққо, ки он надорад. Бо ҳеҷ кас нишоне з-он дилситон надидам, Ё

Шоҳид он нест, ки

Шоҳид он нест, ки мӯеву миёне дорад, Бандаи талъати он бош, ки оне дорад. Шеваи ҳуру парӣ гарчи латиф аст, вале, Хубӣ он асту

Он, ки аз сунбули ӯ ғолия тобе дорад

Он, ки аз сунбули ӯ ғолия тобе дорад, Боз бо дил шудагон нозу итобе дорад. Аз сари куштаи худ мегузарад ҳамчун бод, Чӣ тавон

Дилам бе ҷамолат сафое надорад

Дилам бе ҷамолат сафое надорад, Чу бегонае, к-ошное надорад. Матоъи дили поки ушшоқи мискин, Ба бозори ҳуснат баҳое надорад. Дило, ҷоми соқии гулрух талаб

Дили мо ба даври рӯят зи чаман фароғ дорад

Дили мо ба даври рӯят зи чаман фароғ дорад, Ки чу сарв пойбанд асту чу лола доғ дорад. Сари мо фурӯ наёяд ба камони

Ҳумои авҷи саъодат ба доми мо афтад

Ҳумои авҷи саъодат ба доми мо афтад, Агар туро гузаре бар макоми мо афтад. Ҳубобвор барандозам аз нишот кулоҳ, Агар зи рӯйи ту аксе

Хат нафиристод

Дерест, ки дилдор паёме нафиристод, Нанвишт саломеву каломе нафиристод. Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон, Пайке надавониду саломе нафиристод. Сӯйи мани ваҳшисифати ақлрамида, Оҳуравише,

Ҷамолат офтоби ҳар назар бод

Ҷамолат офтоби ҳар назар бод! Зи хубӣ рӯйи хубат хубтар бод! Ҳумои зулфи шоҳиншаҳпаратро, Дили шоҳони олам зери пар бод! Касе к-ӯ бастаи зулфат

Чашмони афсонави

Мудомам маст медорад насими ҷаъди гесӯят, Харобам мекунад ҳар дам фиреби чашми ҷодуят. Пас аз чандин шикебоӣ шабе, ё Раб, тавон дидан, Ки шамъи

Бирафт

Шарбате аз лаби лаълаш начашидему бирафт, Рӯйи маҳпайкари ӯ сер надидему бирафт. Гӯйи аз сӯҳбати мо нек ба танг омада буд, Бор бар басту

Он турки паричеҳра

Он турки паричеҳра, ки дӯш аз бари мо рафт, Оё чӣ хато дид, ки аз роҳи хато рафт? То рафт маро аз назар он

Мурғ ва гул

Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт: «Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!» Гул бихандид, ки: «Аз рост наранҷем,

Айби риндон макун

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт. Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош, Ҳар касе