Лоиқи Шерали Архив
Сано гуфтанду бо ман бода хурданд, Ба пеши пои ман сад бор мурданд. Маро дар ман ҳазорон бор куштанд, Сано гуфтанду бар хокам супурданд.
Ағар аз машриқи ваҳдат натобӣ. Бидон ки боз аҳли хурду хобӣ. Чунин бегонапарвар гар бибошӣ, Ту асли хешро ҳаргиз наёбӣ. Надонӣ гавҳари иқбол худ
Бигӯям ростат, ғар ростоӣ, Чунин дурӯяву дудал чароӣ? Чу зикри пул равад, имон фурӯшӣ, Ба масҷид лек дар зикри худоӣ. Аз ононе, ки пурсабру
Агар як шаб ба болинат биболам, Зи шӯриҳои аъмолам нанолам. Зи рӯи гандумат дар суфраи умр Агар гирам завола, безаволам. Худоё, бандагонат хомкешанд, Туӣ
Биё, рақси равонӣ кун, гули ман, Бинои «Хусравонӣ» кун, гули ман. Дилам хун гашта дар ёди ҷавонӣ, Биё, рақси ҷавонӣ кун, гули ман. Биё,
Ҳасудо, кам мабин, ман беҳисобам, Ҳазорон сол дар аҳди шабобам. Ту аз як козаи пурдуда ҳастӣ, Ман аз як дудаи пурофтобам! Магӯӣ норасу нокораҳое,
Аз он ганҷу аз он махзан дареғо, Аз он сарву аз он гулшан дареғо. Замоне будаӣ гардунсаворе, Кунун ғардуна бар гардан… дареғо. Аз ин
Агар аз бенишонихо нишонам, Ҷахонро баъди худ холй намлнам Ҷахон нашносадам. боке набошад. Агар худро шиносам сад ҷахонам! Макомоте ки дар поёну болост. Хама
Ман аз имои дастони ту мастам, Зи атри сунбулистони ту мастам. Чу модарзода чашмони ту мастанд, Ман аз чашмони мастони зу мастам. Ба ёдат,
Ало. рӯди равон, рӯҳу равонй, Чу обат аз барам рафта ҷавонӣ. Биё, лаб бар лаби сабзат гузорам, Ки ман мемираму ту ҷовидонӣ. Ҷаҳони пур
Ситамгарро Сикандар кардаӣ ту, Музахрафро музаффар кардай ту. Валекин бузрукони нобиғатро Гадоёни паси дар кардаӣ ту. Касе соҳибдилу софизамир аст, Ҷаҳида аз ҷаҳони доругир
Қимоят ку? Шикоят менависй. Ҳамият ку? Зи майдон мегурезй Ситезй, тоҷико. бо тоҷики хеш, Ба рагми душманон кай меситези? Атар дар рубъи маскун масканат
Ба ақли кӯтахат гардан фароз аст, Дилат холиву ҷонат бениёз аст. Забони модарӣ гум кардаӣ, лек Забонат дар забонбозӣ дароз аст. Ало, эй ҳеҷкас,
Дар ин дунё, ки эҷоди тазод аст, Ба кавли Рӯдакӣ, абр асту бод аст. Паи одамгарӣ фурсат надорем, Паи ноодамӣ фурсат зиёд аст. Ҷаҳон
Рахат аз кӯи ман дигар шуд, эй гул, Нихоли ишқи мо бебар шуд, эй гул. Дили санг об шуд аз нолаи ман, Дили санги
Сабуксорй мизоҷи мо набудаст, Сабукбори ривоҷи мо набудаст. Ба ҷуз шсърс, ки дилвб аст чун ишқ, Нибзу эқтиёҷи мо набудаст. Забонвар қаҳт шуд, алкан
Бақор омад, баҳори ман наёмад, Гуле аз гулузори ман наёмал. На овое, на савғое, на бахше Зи ишқи бебарори ман наёмад. Сарам қурбони меқри
Яки мову сади мо бигзарад боз, Ҳама неку бади мо бигзарад боз. Замоне ҳаққи навбат буд моро, Замоне навбати мо бигзарад боз. Яке гӯяд.
Зи хоку санг бас оина созанд, Зи неши мор бас нӯшина созанд. Агар бӯзина одам шуд, бубинед Зи нав аз одамй бӯзина созанд. Ҳама
Бибояд шодмону комрон зист, Ғанӣ андар канори дилбарон зист. Чу рӯзат пур шавад аз бахши қисмат Ба рӯзи дигарон кай метавон зист!? Гули ман,
Миёни боғ себам додӣ, эӣ гул. Ба сад ваъда фиребам додӣ. эй гул. Дили ман рост буду роҳи ман рост, Нишон роҳи нишебам додӣ,
Биё, дил дар табу тоб аст, эй ёр, Биё, ин лаҳза ноёб аст, эӣ ёр. Биёю вонамо моҳи рухатро, Ки имшаб кӯрмаҳтоб аст, эй
Шабе ёди ту кардам, хонаам сӯхт, Зи тобу таб дили девонаам сӯхт. Ба ёди чашмҳои оташинат Ҷаҳони қиссаву афсонаам сӯхт. Ҷавон будию чун гулдаста
Касе аз дарди мо парво надорад, Ки мисли мо дили шайдо надорад. Зи шӯри мавҷу аз гирдоб тарсад, Касе чун мо дили дарё надорад.
Ҷавонию ҷавонию ҷавонӣ, Фарозу шеби дунёро надонӣ. Дилатро хун кунӣ, чун дил шавад пир, Биёмӯзӣ тариқи дилситонӣ. Замоне роҳу манзил доштам ман, Ба мисли
Тую ман ҳам ҷавон будем вақте, Фидоии замон будем вақте. Нишони мо пас аз мурдан кӣ бошад? Нишони мурдагон будем вақте. Яке афсӯсу дигар
Туро дар орзуям сохтам ман, Ҷавониро ба ишқат бохтам ман. Чу ту нашнохтӣ қадри диламро, Накӯтар хешро бишнохтам ман. Баҳоро, қосиди меҳри дили ман,
Туӣ ганҷинаи умри ман, эй ёр, Туӣ нақдинаи умри ман, эй ёр. Ба монанди диле ғамгину шодон Туӣ дар синаи умри ман, эй ёр.
Дили мо ҳамчу кони нокушода, Сари мо дар раҳи савдо фитода. Тани моро талоши зиндагонӣ Миёни кӯраи оташ ниҳода. Диле гар ҳаст, умеди дилбаре
Зи ҳар як кӯҳ кони зар наёбӣ, Зи ҳар баҳри дамон гавҳар наёбӣ. Чу аз ёри нават гардӣ пушаймон, Ту ёри куҳнаро дигар наёбӣ.
Диле дорӣ, дилозоре надорӣ, Ғаме дорию ғамхоре надорӣ. Чӣ ношукрӣ, чӣ бадбахтӣ, чӣ зуфтӣ, Ки бадхоҳи сазоворе надорӣ. Аламбардори номи ман ту бошӣ, Давоми
Гурӯҳе аз барои нуқраву зар, Гурӯҳе аз барои шавкату фар Заминро он қадар тақсим карданд, Ки охир зери он хуфтанд яксар. Замину осмони ман
Гул аз гул рангу бӯи нав бигирад, Ҳам аз хуршед маҳ партав бигирад. Гаҳ устод ақл омӯзад зи шогирд, Гаҳе раҳбар паи пайрав бигирад.
Гурӯҳе аз барои нуқраву зар, Гурӯҳе аз барои шавкату фар Заминро он қадар тақсим карданд, Ки охир зери он хуфтанд яксар. Замину осмони ман
Ба ёди рафтагон овоз кардам, Ба роҳи рӯҳашон парвоз кардам. Ман анҷоми ҳаёти мурдагонро Зи субҳи умри худ оғоз кардам. Лаби ҷому лаби ҷононаам
Басо бишнида гуфтори ҳавоӣ, Надидам роҳу расми ошноӣ. Агар ман бевафо будам, дуруст аст, Ки дунё дошт бо ман бевафоӣ. Аз он лабҳо, ки
Сипардӣ ту Хуросони суханро, Бадахшону Сиистони суханро. Аё шоир, басо ҷон кандӣ, аммо Накандӣ риштаи ҷони суханро. Умеди зиндагӣ уммеди ишқ аст. Ҷаҳон як
Диламро мехурад ҳар дам ғами ишқ, Даме беҳамдамам созад дами ишқ. Намедонист олам аз вуҷудам Намебудам агар дар олами ишқ. Чӣ гӯям, дафтарам холист
Диламро мехурад хар дам гами ишк, Дамс беҳамдамам созал дами ишқ. Нзмедонист олам аз вуҷудам Намсбудам агар дар олами ишқ. Чй гӯям. дафтарам холист
Ди имро дар кафат лодам. натилй. Гу листон хадяат кардам. начидӣ. Пас аз он. ки бахори ман хазон шуд. Чу бод андар хазони ман
Чу мушти обу гит ецам кунй, бас Чу ишкат ҷонгусил ёдам кунй. бас. Ба сад дил дӯстат медошкам ман. Агар бо ними дил ёдам
Худовандо. дили деринаам ку ? Татоши чон, шарори синаам ку? Зи боғи 1И1 хазон мерезад имрӯз, Нмгори хушгили сабзинаам ку? Т ароватҳои мӯяз ёдам
Билеҳ ҷоме, ки месӯзад замирам. Бидех чоме. ки то ман дарнагирам Зи дасти марг би! резам шабу рӯ з, Ба уммеде. ки аз дасти
Дилам ҷуз васли ту коме надорад, Агарчи аз ту пайғомс надорад. Дилором аст номи ту, валекин Дилам аз ишқат ороме надорад. Канорат беканор аст,
Биё. гулғун°аи мижюнхамида. Биё, гулчеҳраи кокулбурида. На танҳо ман дар ин дунёи равшан. Худо ҳам чу н ту зебое надида. Хушо базми дилу ҳам
Бие. чоно. ки ҷони ман туро бод, Дили соҳибкиронн ман туро бод. Бакори ман, хазони ман ту будй, Баҳори ман. хазони ман туро бод!
Сахар дар барги гул шабнам нишаста, Лаби ҷӯ духтари сархам нишаста. Лабони ҷӯ тару лабҳои ӯ хушк, Вале бо дидаи пурнам нишаста. Дило, хун
Сӯзам хама дам чу ошиқони шайдо Аз бахри сурури дӯсгони якто. Монанди чамин баланду пастам эй дӯст. Аммо на чу ғай ба неку бад
Худ қатра, ба баҳри бекарон цил бастам. Худ зарра, ба хуршеди ҷаҳон дил бастам. Аклам ба фалак расиду кӯтоҳам худ, Худ хокияму ба осмон
Моем паи ҳар касу нокас рафта, Лз боғи ҷаҳон меваи норас рафта. Ҷустанд ҳазорсола пешӣ дигарон. Моем ҳазорсояа вопас рафта. Имрӯз ки ҳоли мост
Мо фарри каён наҷуста фарту т шудем, Аз хонаи гаҳвора ба тобут шудем. Бар олами лохут набурдем раҳе, Нобуд дар ин олами носут шу
Боло биталаб. бирав зи худ болотар, Мавло бошӣ, боз бишав мавлотар. Гар обшарик ноншарикем, хуш аст, Номусшарик агар бувем, авлотар! Фарде чу ба қайди
Ман омадаам, ки хешро оғозам, Гах сӯзаму гаҳ созаму гах бигдозам. Ман омадаам, ки ҷони бечораи хеш Дар бозии маргу зиндагӣ дарбозам. Ман масту
Бо бонги сагон, шукр, қаландар нашудем, Ҳангоси харон шунидаву хар нашудем. Будем зи баски ғарқа дар хуни ҷигар. Об аз сари мо гузашту мо
Аз кӯчаи мо арӯсу домод гузапгг, Ду ошиқи дар ҳаёт навшод гузашт Дар оина ожанги ҷабин бишмурдам, Айёми ҷавонии ман аз ёд гузашт. Ман
Ёрони ҷавониям, куҷоец, куҷо? Ин қадр зи ҳам дур чароед, чаро? Аввал ҳама ҷамъ мисли дарё будем, Имрӯз чу шохоба ҷудоец, ҷудо. Ҳамбистари ёру
Бас дурру гуҳар дар дили дарёи ман аст, Бас нури саҳар дар дили шабҳои ман аст. То ҳар сухани ман аз паи дилёбист, Ҷамъияти
Якпахдуяму худсараму бебокам, Густохаму бериёяму шаккокам. Чун тахти баланди кӯҳ бетахтам ман, Бемансабу бениёз мисли хокам. Аз об баромадӣ, танат ларзон аст, Ҳар қатраи
Дар олами савту шеъру пандам зоданд, Монанди манора сарбаландам зоданд. Аммо ба ҳама шахсарию лоқайдӣ Чун кӯҳ ба хок пойбандам зоданд. Бигзор ҷаҳон ҷои
Фарёд, авони файзу нурам рафтаст, Айёми ҷавонию ғурурам рафтаст. Шуд чоштгаҳу ғуруб дорад дар пай, Хуршеди сабоҳи носабурам рафтаст. Тақдири бадам зи толеи равшани
Эй кӯҳ, барои санги ту ҷон додем, Садҳо сари нозанин ба қурбон додем. Аз баҳри ту, эй замини меросии Шарқ, Мо умри азизи худ
Имрӯз ба мисли меҳмон зуд бирафт, Аз умри абад даре набикшуд, бирафт. Дар коми уфуқ бирафт хуршед фурӯ, Ин оташи пуршарор чун дуд бирафт.
Чун рӯд барои хеш раҳ бикшоям, Чун роҳ ба пои раҳравон сар соям. Чун дашт ба рӯи каф гузорам дили хеш, Чун хок гуноҳи
Мероси азизи мурдагонем ҳама, Аз умр ба умр нардбонем ҳама. Дар хони замин барои нони хуршед Ёрони азиз, меҳмонем ҳама. То чашм задем, офтоб
Хонед ба базми ошиқӣ номаи ман, Пӯшед ба қомати сиҳӣ ҷомаи ман. Сар пои сутуни ростӣ буда маро, Созед сутуни хонае хомаи ман! Рӯзе,
Онон, ки ниҳоди поку имон доранд, Чун шуъла забони оташафшон доранд, Аз одами шабкӯр надоранд гила, Аммо гилаҳо зи рӯзкӯрон доранд. То тоза шавему
Дарёст равону соҳилаш бепарвост, Дарёст барошуфтаю соҳил барчост. Дарё чу бихушкид, бимонад соҳил Ҳамчун ду лабе, ки аз лаби ёр ҷудост. Нӯшед ба ёди
Шоир набувад, ҳар он ки девон дорад, Зебо набувад, ҳар он ки марҷон дорад. Ошиқ набувад, ҳар он ки дар хилвати шаб Паймонаи май
Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ, Обод кунам, ту боз вайрон созӣ. Бо ин ҳама бозию фиребу найранг, Эй умр, зи ман чӣ гуна
Гар ёд кунад маро дили шайдое, Гӯед, нишаста гар лаби дарёе, Бар оби равон бингараду дарёбад, Ҷорӣ шудани зиндагии дунёӣ. Имрӯз туро пиру ҷавон
Онон, ки забонй офаринам хонанд, Барчоши такаллуф ба сарам афшонанд, Дар зиндагиям ба ҷои гул хор диҳанд, Чун даргузарам, ба гури ман гул монанд.
Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо, Камшӯру камшуур, эй бешарораҳо, Эй камшумораҳо дар осмони ақл, Андар замини ҷаҳл, эй бешумораҳо, Аз вахдати худо то вахдати худй