Лоиқ Шералӣ Архив

Ки ҳар остонаи мо аҷали дар остин аст

Ту биё ба пешвозам, ки фироқ дар камин аст, Бигузар зи раҳгузорам, ки гузашти ман яқин аст. Чу ба остонат оям, ба ман остин

Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро

Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро, Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро. Замонаи ҳаринае чу кафши серпинае, Ба пинае намехарад нубуғи ҷовидонаро. Накошта қаламчае қалам-қалам

Зи наҳси осмон гуфтанду рафтанд

Бидуздиданд симу зар зи конҳо, Ҳама камбуди кон гуфтанду рафтанд. Бародарро зи кин куштанд, лекин Хато рафт аз камон гуфтанду рафтанд. Ба ҷурми хештан

Бо ёди рӯи ту дили ман хунчакон шуда

Ҷоне, ки ҷон ба ҷони ту буд, нимаҷон шуда, Андар макони хеш дилам ломакон шуда. То рӯи хунчакони туро ёд мекунам, Бо ёди рӯи

Тамоми давлати дунё агар ба дасти ту ҳаст

Биё, азиз, ки умри азиз мегузарад, Макун диранг, ки бисёр тез мегузарад. Тамоми давлати дунё агар ба дасти ту ҳаст Вагар ки нест ба

Як ҷаҳон шӯри ҷавонӣ дар ҷаҳони пир буд

Ишқи ту дар синаи ман ҳадяи такдир буд, Як ҷаҳон шӯри ҷавонӣ дар ҷаҳони пир буд. Омадӣ бо гесӯи чун обшорон рез-рез, Шодии ҷони

АЙНӢ

Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон, Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон, Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон, Зи соҳилҳои

ЗАНГИ ОХИРИН

Як нафас боз сабр бинмоед, Чеҳраҳотон ба ёди худ гирам, Дӯстон, дӯстони ҳамдарсам, Пас равам ҷустуҷӯи тақдирам. Ёдҳо, чеҳраҳою хислатҳо, Ҳазлу шӯхӣ, латифагӯиҳо –

ОМӮЗГОР

Он қаҳрамони кору дигар сафири давлат, В-он шоири ҷаҳонӣ – дастонсарои миллат. Ин баргузидаи халқ, он нозиши замона, В-он зуфунуни якто, арбоби илму санъат.

ЗАНГӮЛА

Дӯстон рафтанд ҳар сӯ дар талоши зиндагӣ, Аз барои ризқи пошида ба ҳар самти ҷаҳон. Он яке ошиқ шуду рафт аз қафои духтаре, Дигаре

Хизмат

Хизмати модар ватанро аз дилу ҷон мекунем Ҳар нафас шаълу шукуфонро фаровон мекунем Баски моро у ба меҳри модарши парвардааст Дар вафодори барояш аҳду

БАҲОРИ КӮҲИСТОН

Лола – раққосаи машъалдоре, Бойчечак – шафақи субҳона. Сабзаҳо – кокули нобофтае, Мезанад бод ба нармӣ шона. Кӯҳ монанди манор аст баланд, Ҳама дам

ЗАНГӮЛАИ БЕДОРӢ

Зангӯлаи бедорӣ шуморо огоҳ мекунад: Чун дарёҳотон дарёи дил нест, дарё дарёи шумо нест. Чун дар саҳро тухми ифтихор намекоред, саҳро саҳрои шумо нест.

ГУЛМАҲТОБ

Гулрези баҳоре буд, Ишқеву хуморе буд. Андар лаби дарёе Лаб бар лаби ёре буд. Ӯ бахти ҷавонам буд, Гӯё ки ҷаҳонам буд. Дар қолии

Аё модар

Аё модар ба қурбони ту мирам, Чу муҳру меҳри паймони ту мирам. Ҷаҳон пурмакру дастон аст бигзор, Ки ман дар руи дастони ту мирам.

НАВРӮЗӢ

Наврӯз лола орад, Май дар пиёла орад, Пайғоми навбаҳорон Бар кӯҳу ёла орад. Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак, Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.

ВОЛОТАР АЗ ҲАМА

Як дами ҷон костани модарон Беҳ зи ҳама мӯъҷизи пайғамбарон. Як нигаҳи шӯълавари модарон Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон. Як сухани бонамаки модарон Беҳ

ХАЙР!

Хайр, бо ту тӯю иди ман тамом, Зиндагӣ бо ту насиби ман нашуд. Рафтию гуфтӣ аҷаб не дар дилат «Дар раҳи умрам ҳабиби ман

Туй модар

Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар. Ҷаҳони бекарони ман туи модар, туӣ модар. Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш, Ягона меҳрубони ман

Насиҳати модар

Модарам мегуфт доим вақти хоб: «Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост! Он ҳама коре, ки ният мекунӣ, Сар бикун бо қувваи бозуи рост. Нонро

Чуҷача

Мебинам да пешам чуҷача, Мебинам вай зарча! Гирифтам дар дастам, Вай гурехт ранги мошинча

Ман

Ман дастакони кӯдакро дӯст дорам, Зеро то даст бар сари олам бизанад, Даст бар сари худ мезанад. Ба самимияти як ғунчаи гул, Ба самимияти

Ин ду-се

Ин ду-се тан, ки соҳиби мизанд, Чизнодидагони ночизанд. Гар биёянд бар сари давлат, Бар сари давлат об мерезанд. Кай ҷон ба ҷонон мерасад, Гул

Ин дарё

Ин дарё на он дарёст, Ҷигари обгаштаи мост, Ки ҷорист. Кадом биёбонаш мебалъад? – Пайдо нест. Ҳамсояҳо бесояанд, Ҳампояҳо бепояанд. Розӣ набошӣ гар зи

Куҷост

Куҷост он камонкаше, Куҷост тири орашӣ, Ки мову ту ба ҳам расем, Худойро, чӣ бекасем… Ман маҷрои рӯдҳоро дигар кардам, Аммо хулқи халқи худро?…

Зи фанди

Зи фанди чанд нобобе Замон шуд чархи дӯлобӣ. Раҳи фардо намебинӣ, Раҳи хона намеёбӣ. Рафтам суроғи ошиқон Дар кӯчабоғи ошиқон, Дидам шукуфта ранг-ранг Як

Шароре

Шароре нест дар хокистари ман. Зи ҳусни ту ба ҷуз ҳузне намонда Даруни синаи хушбовари ман. Яке аз дасти пулдорон бимирад, Яке дар зери

Агарчанде

Агарчанде ки будӣ ҷони ширин, Маро аз ҷони ширин сер кардӣ. Бародарҷон, ба рӯ обат намонда, Ба ҷону дил табу тобат намонда. Чунон дар

Вале

Вале ишқат ба номи ман бимонад. Ниёзе мар маро бар тарҷумон нест, Аёнро ҳоҷате андар баён нест. Агар ман ҳамзабони ин ҷаҳонам, Зи ман

Илоҳӣ

Илоҳӣ байни мо ҳоил набошад, Ба қасди мо касе моил набошад. Дар он соат, ки ду бедил нишинем, Миёни мо ба ғайри дил набошад.

Маро

Маро намехарад касе, маро намебарад касе, Чӣ ҳол дорам, эй худо, чӣ ҳол дорам, эй худо. Аз дасти инқилоб куҷо метавон гурехт? Аз дасти

Ин хок

Ин хок агар хоки бузургон бошад, Тарсам, ки маро ба синааш напзирад. Эй ишқ, рӯ ба рӯи ту мардона будаам, Қадри маро надонӣ агар,

Роҳи умр

Гаҳ дар ғами ҷон, гаҳ дар ғами нон, Доғ аз паи доғ, зарб аз паи зарб. Гоҳ аз паи ин, гоҳ аз паи он

Зиндаги

Роҳат зиндагӣ созанд Ва аз ман гар сазоворам, Ба некӣ ёд бинмоянд…

Дебоча барои китоби

Китобе доштам з-ин пеш номаш Китобе, ки ба каф доред, номаш Ман ин ду хонаи чашму диламро барои ҷумлаи бехонагон тақдим медорам, ки дар

«Хонаи чашм»,

Падар ба сӯи Машриқ, модар ба сӯи Мағриб. Писар ба сӯи Ҷануб, духтар ба сӯи Шимол… Чӣ аз ишқи олӣ монд? Як дудаи холӣ

«Хонаи дил»

Хулосаи соли 1989 ва солҳои баъд Агар танз аст ё ҳаққаст, беш аз ин намегӯям: Бинозам соли пурҳарфӣ ба ҷои соли пурзарфӣ…

Ба дӯстони хасакӣ

Донам ҳамаро: намакҳаромеду дурушт, Дар бӯтаятон на рушд дореду на мушт Санги бағали кӯҳ маро шоир кард, Санги бағали шумо маро хоҳад кушт…

Самарқанд

Ба хонаи худ меравам меҳмонвор, Аз хонаи худ меравам меҳмонвор. Вале намедонам, ки чаро? Чаро?? Чаро??? Гаҳвораи ман шуда маро меҳмонсаро…

Шоҳасар

Аз тамоми навиштаҳои башар, Ки нависандааш худодод аст, Беҳтарин сафҳае, ки ман хондам, Сафҳаи рӯи одамизод аст.

Катибае барои санги мазори устод Ҷалол Икромӣ

Зи бас буданд ҳамдӯшу ҳамоғӯш, Ба сар бурданд умре бо дили пок, Саодатбоную Икромӣ ин ҷо Ҳамоғӯшанд низ андар дили хок. Дуое, саҷдае, зикре,

Дар санги гӯрҳо

Замин – модар! Барои мушти хокат Фидо кардам дилу ҷону сарамро. Агар ту модарӣ, баҳри худо гӯй, Чаро аз ман рабудӣ модарамро??? Ду-се дам

Бирасад кош ҳақ ба ҳақдоро!

Муродуллоҳи Шерализода Падари меҳрубону ғамхоро, Кӣ хурад баъди ту ғами моро? Рафтӣ аз дасти ноҷавонмардон, Мондӣ бар мо азоби дунёро. Тири ноҳақ заданд бар

Модаро

Модаро, даҳ кӯдак аз ту ёдгорем, Аз туву аз шири покат қарздорем. Рӯзе гар аз осмон ахтар бигирем, Чун чароғе бар сари гӯрат биёрем.

Чи шуд

Чи шуд, эй ҷону эй ҷонони модар, Ба дарду доғат аз ҷон сер кардӣ. Начида як гуле аз боғи дунё, Ҷавон рафтию моро пир

Ҷаҳоно

Ҷаҳоно, ормонам кам шикастӣ, Ниҳоли қоматам дарҳам шикастӣ. Асои пирӣ будам баҳри модар, Асои модарамро ҳам шикастӣ.

Ту моро

Ту моро комрон кардӣ, падарҷон, Қатори одамон кардӣ падарҷон. Ту дар зери заминӣ, лек бар мо Заминро осмон кардӣ, падарҷон.

Ҳар кас

Ҳар кас, ки садои нолаам таъна занад, Дар чанбарае чу ман фитад, нола кунад. Аввал ӯ устухони одам буд, Нолаи ӯ аз ин сабаб

Дар гулдон

Гули зебои худрӯи куҳистон, Маё поин зи тори кӯҳсорон. Маё поин, ки арзонат фурӯшанд Барои як пашизе гулфурӯшон.

Дар болор

Мард он ки барои ҳастии халқ Бо бешу ками ҷаҳон ситезад. Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш, Бояст ки хуни дил бирезад…

Дар асо ва чигасҳо

Ниҳолеро, ки биншондӣ, расо шуд, Аз ӯ як шох баҳрат иттико шуд. Онҳо, ки буванд муттакои ҳама кас, Рӯзе нигарӣ, шаванд муҳтоҷи чигас. Як

Дар девори театр

Ҳама артист андар зиндагонӣ Ба сад оҳанг санъат менамояд. Яке бозикунон дар саҳна мирад, Яке мирад, сипас бар саҳна ояд. Яке аз саҳна боре

Шеъри ман

Шеъри ман бо ин ҳама нуқсу камол Гар зи шеъри дигарон ёд оварад, Маъние гар иқтибос аз дигарест, Ё чунон ки қатра бар Уммон

Дар китоби худ

Бар яке аз ҳафт пушти хештан. Дар санги мазори падарам Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок, Дар дили ман ғаму андӯҳи ту монд.

Дар девори мақбараи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд

Шеърҳоят то нашуд гум, мо туро кай ёфтем, Кай ба қадри ту расидему туро дарёфтем? Зиндаатро устухон кардем то рафтӣ ба хок, Боз сутхони

Дар қоимаи ҳайкали Рӯдакӣ

Ба тобут аст роҳ аз гоҳвора. Ба рағми дигарон з-ин раҳ ҳазар кун. Ҳалолат бод, шири поки модар, Зи гаҳвора ба ҷовидон сафар кун.

Дар гаҳвора

Устухон бисёр дар зери замин – Устухони пайкарони одамин. Аз миёни хирмани сутхони хушк Ҳар кадомеро чу мекарданд даст, Устухоне нола зад, фарёд зад,

Роҳи умр

Гаҳ дар ғами ҷон, гаҳ дар ғами нон, Доғ аз паи доғ, зарб аз паи зарб. Гоҳ аз паи ин, гоҳ аз паи он

Самарқанд

Ба хонаи худ меравам меҳмонвор, Аз хонаи худ меравам меҳмонвор. Вале намедонам, ки чаро? Чаро?? Чаро??? Гаҳвораи ман шуда маро меҳмонсаро Гулрухсор ва Яхч

Шоҳасар

Аз тамоми навиштаҳои башар, Ки нависандааш худодод аст, Беҳтарин сафҳае, ки ман хондам, Сафҳаи рӯи одамизод аст.

Дар девони Рӯдакӣ ба ҷои бисёрнуқтаҳо

Ту ҳоло кӯдакӣ, тифлӣ, биосой, Дигарҳо баҳри ту андар талошанд. Бимак пистон, забони модар омӯз, Ки донишгоҳҳо қодир набошанд. Кӣ гуфт зи гоҳвора то

Дар минбар

Эй шумо, ки нотиқони минбаред, Аз Сисерон1 ҳам шумо нотиқтаред. Иқтибос аз дигарон бишнидаем, Иқтибос аз ақли худ ҳам оваред! Дастро бардошта сӯи само

Кандагиҳои

Кандагиҳои замон дар нутқи пайвасти шумост, Ҳақ ба дасти мост, аммо муҳр дар дасти шумост. Ман, ки имрӯз ошиқи ошуфтарӯзи Лолаам, Гарчи пирам, мисли

Он қадар

Он қадар ҷон мафишон, то тани беҷон нашавӣ, Он қадар сар мафикан, то сари сарсон нашавӣ. Эй азизон, туҳмати ноҳақ навиштан хуб нест, Одами

Чу барги

Чу барги коҳ гаштам аз ғамат коҳида-коҳида, Заволи хештан дидам, туро нодида-нодида. Чун туро бинам, ҷаҳон дар дидаам дигар шавад, Хас гули хуррам намояд,

Рӯзи

Ғанӣ андар канори дилбарон зист. Чу рӯзат пур шавад аз бахши қисмат Ба рӯзи дигарон кай метавон зист!? Гули ман, бе ту дил ғамнок

Манам

Манам он халқ, ки аз номи ман одам шудаӣ, Гунаҳам чист, ки имону фарам бишкастӣ. Ҳамчу фарзанди ман о пеши ману зону зан, То

Ки

Ки андар оштӣ оши ҳалоли халқ, Ки андар оштӣ дарҷ аст рӯзи нек. Чу донистанд к-андар паҳнаи гетӣ Кӣ будасту кӣ дод ин ҷангро

Маро

Маро гаҳ ону гаҳ чунон гуморанд, Гаҳе неку бадамро як шуморанд. Беҳ аз он ишрате дар зиндагӣ нест, Агар як дам маро бо ман

Замоне

Замоне навбати ман буд, эй гул. Чаро ангуштарият бенигин аст? Чаро чашмони хандонат ҳазин аст? Магар ишқи дилатро хок хурдаст, Ки доим чашми ту

Ҳама

Ҳама бому дарам месӯзад, эй ёр. Ман он як раҳгузар будам, ки рафтам, Ман он марди сафар будам, ки рафтам. Зи дунёи дили пурорзуят

Ёдгори

Бар мотами рӯзгори ман нола кунед. Бар мотами рӯзгори ман нола чӣ суд? Бар мурдани ёдгори ман нола кунед. Ҳар кас паи нафси хештан