Лоиқ Шералӣ Архив

ҲАҚҚИ МОДАРӢ

Эй дарахте, ки ман зи шохаи ту Гоҳу бегоҳ мевае хурдам, Ҳам зи чӯби туву зи сояи ту Баҳри ҳоҷот баҳрае бурдам, Пеши ман

ХАЗОН

Хазон мерӯфтӣ он рӯз, эй модар, Хазон мерӯфтӣ аз пешгоҳи кулбаи фартут. Хазони умр аз аҷзои ту мерехт, Хазон мерӯфтӣ… Гарчи хазонрези ҳаётат буд.

ҲАСРАТ

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ, Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ: «Писари азизам омад, Писари ғазалнависам омад». Ту дигар наметавонӣ,

КАТИБАЕ ДАР ПУШТИ ВОПАСИН АКСИ МОДАРАМ, КИ МУҲИДДИН ОЛИМПУР БАРДОШТААСТ

Қиблагоҳам! Модари олампаноҳам! Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодастӣ ҳанӯз. Аз дару даргоҳи ман ҳарчанд рафтӣ зери хок, Ҳамчунон тимсоли меҳру эътиқодастӣ

МОДАРИ БЕЧОРА

Дар миёни кӯҳсорон Бо навои обшорон, Бо сафои чашмасорон, Бо суруди боду борон, Бо дуруди навбаҳорон Ҷон ато кардӣ маро, Ҷон ато кардию худро

СУРУДИ МОДАР

Тифли гирёнам, калон шав, Дар ҷаҳон аз ман нишон шав, Достон шав! Достон шав! Ганҷи шаҳворам ту бошӣ, Бахти бедорам ту бошӣ, Дар ҷаҳони

ЧОРДАРД

Яке дарди бимонӣ зинда ё на, Яке дарди чӣ пеш ояд сари зо. Яке дарди чӣ хоҳад буд имрӯз, Яке дарди чӣ хоҳад буд

ҶОМАИ ГАДОӢ

Чу ман бар арсаи ҳастӣ қадам мондам, Ту бо уммеди бисёре Дари ҳар хонае рафтӣ. Гадоӣ кардӣ аз ҳар хонае як пора газворе –

ҶОМАИ ГАДОӢ

Чу ман бар арсаи ҳастӣ қадам мондам, Ту бо уммеди бисёре Дари ҳар хонае рафтӣ. Гадоӣ кардӣ аз ҳар хонае як пора газворе –

ДАР ШАБИ БОРОН

Ин шаби туршрӯи боронӣ Кулбаи модарам ба ёд омад. Боми ӯ мечакад зи боронҳо, Дар дилам оламе ба дод омад. Дар чунин кулбаи фақирона

ҶАВҲАРИ ҲАСТӢ

Аз сари пистони ту сар мешавад шӯри ҳама, Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама. Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ, Қобили сурат шавад

МУНОҶОТ БА МОДАР

Ғабғаби пурчину абрӯи дуранг, Эй дареғ, ангуштҳо чангак шуда, Зиндагӣ аммо раҳо гашта зи чанг… Об меояд зи чашми обрав – Обҳое, ки гузашта

ДАР САРИ ГӮР

Ҷашни фарзандони худ нодида рафтӣ, модарам, Донаи барчошро ночида рафтӣ, модарам. Пеш-пеши наварӯсу дастаи машъал ба даст Шодмон, пирона норақсида рафтӣ, модарам. Ном мемондӣ

ДОМОНИ МОДАР

Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан, То наафтад, дошт ӯ аз домани ту. То намонад дасту пои баста дар гаҳвора танҳо, Дошт ӯ аз домани

Оҳ модар!

Гул буду гулдастабандӣ айб буд Дар замони навҷавониҳои ту. Лек акнун зиндагӣ ранге гирифт Аз талошу ҷонфишониҳои ту. Кӯдакони хору зорат чун кабӯтарҳои ром

МОДАР

Бӯи ҷону бӯи нону бӯи пистон, Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ, Бӯи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар. Дар рухат ожангҳо чун сатри

ФАРЗАНДОН

Ту ҳайрон мешавӣ, модар, Ки ман, фарзанди ту ҳар сол як бор Дурӯза меҳмонӣ мебиёям. Пас аз сайру сафар аз шаҳрҳои номию зебо, Харида

ҚАРЗ

Ҷавониро ба ту ман қарз хоҳам дод, Ба уммеде, ки баргардонӣ бозаш, Ба рӯзи бекасиҳо дар ғуруби зору танҳоӣ. Ба рӯзи шодмонӣ ҷом деҳ

НОНУ НАСИБ

Куҷо рафтанд, эй модар, Куҷо рафтанд кафтарҳои навболу парат, модар, Куҷо рафтанд фарзандони навдилдодаат, модар? Бисоти тӯй меандӯхтӣ, Баҳри арӯсонат Садаф меҷустию гарди хазина,

БА МОДАРАМ

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят, Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,

НАСИҲАТИ МОДАР

Модарам мегуфт доим вақти хоб: «Хоб кун, албатта, бо паҳлӯи рост! Он ҳама коре, ки нийят мекунӣ, Сар бикун бо қувваи бозуи рост. Нонро

БА МАРДУМИ ПАНҶЕКАТ

Сари оғушта дар хуни Деваштич Биёмад бар Ватан аз шаҳри Бағдод. Зи нав биншаст бар аспи таҳамтан, Ба Панҷекат шукӯҳи тозае дод. Кунун ӯ

БИДРУД, ЭЙ НОҲАМРАҲОН!

Сангҳоро гуфтам: по шавед, биравем ба шаҳри ормонҳо. Ба сарам сангборон шуданд. Кӯҳҳоро гуфтам: бикшоед синаҳотонро, бинамоед ганҷинаҳотонро, то кохе бисозем сарбагардун… Гуфтанд: эй

СОҚИНОМАИ ИМРӮЗИН

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки наздик созад раҳи дури мо. Бидеҳ, соқӣ, он май, ки мун Мо шавем, Ҳама дар такопӯи фардо шавем,

ОРЗУИ ХОМ

Дар ғами номуси миллат Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад, Аз фурӯғи рӯзи миллат Бемуҳобо хонаи душман бисӯзад! Баҳри истиқлоли миллат Камтарин тоҷик агар

ЧАШМОНИ ОЛИМПУР

Дошт дар оинаи чашмони худ Аксҳои гунагуни гунаи мову шуморо. Аксҳои зиндагии рӯсиёро, К-андар ӯ мезист навъе бо мудоро. Дошт андар дурбини дидагонаш Аксҳои

ҶОНКАНИИ БОҒ

Надонистем, ҳайфи мо, Нафаҳмидем, ҳайфи мо, Ки тӯфон аз чӣ сӯе бо чӣ қасду бо чӣ нируе ба сӯи боғи мо тӯфид? Ва аз

БАҲОНА ЧИСТ? НОМИ ХАЛҚ!

Замона бенизом шуд, баҳона чист? Номи халқ! Ҳалолҳо ҳаром шуд, баҳона чист? Номи халқ! Хазинаҳо тамом шуд, баҳона чист? Номи халқ! Ватан ба коми

ИЛТИҶО АЗ КАМОНМАРДОН

Найзабозӣ андар ин куҳҳои танг Найзабозонро ҳамеорад ба нанг. Мавлавӣ Камонмардон! Камон аз дӯш бигзоред, Ба ёди куштагони хештан хомӯш бигзоред! Ки аз тири

ЗАБОНИ ТИР, ЗАБОНИ ҲАҚИҚАТ

Ту ҳар боре камон бар дӯш бебок Ҳақиқатро бигӯ, мегӯӣ, эй дӯст. Ба ҳаққи ту агар гӯям ҳақиқат, Ту дарҳол аз тани ман меканӣ

БА ХАЛАЛГАРОНИ ИНШОИ ПОЙГОҲИ БАРҚИ РОҒУН

Мабод ин Роғуну дарғаш, Ки гардад ғарқ кӯи мо, – Ту мегуфтӣ зи ҳар минбар Ба рӯи мо, ба сӯи мо. Намондӣ, то қад

МАНУ ТУ

Ҳеҷ донӣ, ки чӣ кардем ба модар ману ту? Ё чӣ кардем ба ҳам, ҷони бародар, ману ту? Саъй кардем ба вайронии кишвар ману

МАРСИЯИ ҶАМШЕД

Дар сӯгвории пизишки ҷавон Ҷамшед Осимӣ, ки аз тири қотилон кушта шуд ва дар таслияти қиблагоҳи ӯ донишман- ди покнасаб Аслиддин Осимӣ, ки бар

МЕРОСИ ПАДАР

Гирифторам чунон дар қабзаи сахтӣ, (Агар ҷамъ оварӣ имрӯз дар як ҷо Ҳама бадбахти оламро Ту аз мисоқ то ҳоло, Надида мисли як тоҷик

ПАДАРАМ, ВО ПАДАРАМ

Эҳдо ба равони тобноки Муродуллоҳи Шерализода Падарамро куштанд. Осмоно! Падаро! Бепадароне падарамро куштанд. Падари оқилу соҳибназарамро куштанд, Падари қобилу соҳибҳунарамро куштанд. Дилу ҷону ҷигарам

НОМА БА ЗИНДОН, БА МАҚСУДИ ИКРОМ

На ба он содагию кӯдакӣ шуд. Пайкари Ленин агар вожун шуд, Ҷигари ворисаконаш хун шуд. Буд чун сояи ӯ пояашон, Рафт ҳам появу ҳам

МИНБАРИ КОММУНИЗМ

Минбари холӣ, вале пур аз рақам, Минбари олӣ, вале пур берамақ, Пур сабақ омӯхтӣ таърихро, Ҳеҷ аз таърих н-омӯхтӣ сабақ. Яккатозу якказору яккахор Осмонҷӯи

АЛОРАҒМИ МАҲАЛГАРОЁН

Агар аз Балх ё аз Қандаҳорем, Ҳама парвардаи як кӯҳсорем. Дар ин дарёи нопайдоканора Ба як киштии тӯфонӣ саворем. Толиби Қандаҳорӣ Гоҳ-гоҳе маҳалгароёне «Аз

ЗАРАФШОН, МОДАРИ ЗОРАМ…

Зарафшоно, чӣ монд аз он зарафшонит? Зарафшон, модари ҷон, шӯри пешонит! Зарафшоно, ки мегӯяд зарафшонӣ? Зарафшоно, ту ҳоло заҳрафшонӣ! Чу тифлонат зи барги талхи

БАРОИ СОҲИБНАЗАРОН

Равшангаромон ноаҳлу кӯранд, Наздикҳомон аз хеш дуранд. Чун кӯҳҳомон то пурсукутем, То санги куҳҳо санги сабуранд, Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

ҚИЁМАТ

Хоки кишвар хастаю мурда, Оби кишвар заҳролуд аст, Ҳам ҳавояш, ҳам фазояш, Бенавою бонавояш заҳролуд аст. Ин чӣ рӯзе? Ин чӣ назми бошу буд

ТАНЗЕ АНДАР ФИРОҚИ ВИҶДОН

Адофаҳм агар ҳаст хонандаам, Адофаҳмияшро ба ҷон бандаам. Нагуфтам «бимирад», ки боиста нест, Ба покони айём шоиста нест. Навиштам «Замоно, ту собун фирист, Ки

ТАНЗЕ АНДАР ФИРОҚИ СОБУН

Замоно, ду-се кулча собун фирист, Ки бо ашк рӯ шустанам дур нест. Чунон сер гаштем аз ваъдаҳо, Ки ваъда кунад қай ҳама меъдаҳо. Зи

БА ЯҒНОБИИ ВАТАНХАРОБ

Мулки бо моҳу ба хуршед қаринам, Яғноб, Падару модари вайронанишинам, Яғноб. Бар алайҳи ҳама онон, ки ғаминат карданд, Кошки рӯи туро шод бибинам, Яғноб.

ЗАМИНЛАРЗА

Имшаб ҳама деворҳо Ларзид аз озорҳо. Гӯё ки ҷони одамон Ованг шуд дар дорҳо. Имшаб замин шӯрида буд, Дар дарду ғам жӯлида буд. Аз

ВОДАРЕҒО

Чашми бахтат кӯр гашта, ҷойгоҳат гӯр гашта, Хонадон мотамсарову хокдон маъмур гашта. Водареғи рӯзгорат, Водареғи эътиборат, Водареғи чашми чорат, Водареғо, водареғ… Хонаи ту дар

БО НОМИ СТАЛИН

Сталин гӯяму ронам заминро, Замин то беҳ шавад, ман бинам инро. Лоҳутӣ Сталин гуфтаму рондам заминро, Замин бечора буд, бечоратар шуд. Сталин гуфтам аз

ГӮРИ ДОНИШ ДАР КУҶОСТ

Эй шумо, маъмуру маъзурони таърихи Бухоро, Балки, эй кӯрони таърихи Бухоро, Дар куҷо буд гӯри Дониш? Дар куҷо хусбида ором он сари пуршӯри Дониш,

МАН ҒАРИҚАМ…

Ман ғариқам, Ду соҳили уммед – Он яке мекашад ба соҳили чап, В-он дигар мекашад ба соҳили рост. З-ин «муҳаббат» ду дасти ман аз

ЗАМИНИ ЭЪТИҚО

Яке дар кишвари арман замин ларзид. Яке дар кишвари армон замин ларзид. Замин ларзид. Ҷони соҳибони хешро балъид. Хуни бониёни хешро нӯшид, Ту гуфтӣ

ТУ КУШТӢ ШОИРИ ҚОДИРСУХАНРО

Ту куштӣ шоири қодирсуханро, Ту куштӣ шуҳрату фахри Ватанро. Ту як сайёраро куштӣ, Ва ё як осмон истораро куштӣ. Ғалат кардам, Накуштӣ ҷисми ӯро,

ИРЪАВНИ УСТУХОНӢ

Дорӣ ғурури хушке, дорӣ шуури хушке, Фиръавни нотавонӣ, фиръавни устухонӣ! Бо мардумон расидан, з-онон ғаме кашидан Номат наметавонад, ҳам худ наметавонӣ. Ман аз сукути

МАҚБАРА Ё МАСХАРА

Дар маснади баҳор, дар афрози гулдара Бо «сабки ҳозира» Номурда, аз барои худ афрохтӣ баланд Бемисл мақбара… Оваҳ, чӣ манзара! Номурда, хешро намиранда сохтӣ,

ДАР БУХОРОЮ САМАРҚАНД

Дар Бухорои шариф чанде касиф Мактаби тоҷикиро дар бастаанд. Махзани тоҷикро дуздидаанд, Муҳраи тоҷикро бишкастаанд. Дар Самарқанди самарманд Аз ғурури тоҷикӣ тарсидаанд, Гардани таърихро

НИКОҲИ МАРГ

Ба зери гунбади гардон, Ба рағми дунии гардун Зи бахт рӯй магардон, Зи ишқ тавба макун, Ки бо дарахти сари раҳ никоҳ мекунамат, Никоҳи

РӮИ ОДАМҲО

Субҳи ман аз рӯи шамси Ховарон Хандарӯ бар рӯи олам медамад. «Рӯи олам дидан одам дидан аст»,1 Субҳи ман аз рӯи одам медамад. Хуб

УЗРИ ЛАНГ..

Ки мемонӣ ба шеъри носуруда, Ё насиби норабуда, Ё умеду орзуи монда дар дил, Аз талоши зиндагонӣ монда ғофил… Туро ман мешиносам, хӯшаи помолгардида,

ЭЙ ДАРАХТИ БЕЗАБОН

Худ табарро даста бидҳӣ, То бибуррад решаатро. Мебурандат, Мебарандат, Ин чӣ савдо? Ин чӣ дунё? Аз ту месозанд чӯби дорҳо, Аз ту месозанд чӯби

ДАСТИ ХУД

Устоде доштам, ёдаш ба хайр! Устоди аввалини мактабӣ. Устоде, ки маро иршод кард Дар талоши ҳар муроду матлабе. Устоде буд аз аҳли румуз, Устоде

ХУШКРӮД

Хушкрӯди зормонда зери гардун! Соҳилонат як замон пуроб буданд. Дар дили ту чун фурӯғи зиндагонӣ Ахтарон дар ҳалқаи маҳтоб буданд. Бӯсаҳои обдори мавҷҳо Об

ЭЙ ОБШОР

Эй обшор! Духтари гирёни кӯҳсор Мурдаст ошиқат магар, фарёд мекунӣ? Мӯят парешу қоматат ларзону хамзада, З-оғози чашмаҳот магар ёд мекунӣ? Ё кӯҳро зи дарди

ПАНҶАҲОИ БОРБАД

«Устоди ағонӣ ва нағамот Бор- бад ба созу навои хеш Эронзаминро бар халифаҳои аъроб шӯр ангезонид, чун ин қасдаш натиҷа надод, панҷаҳои ҳазордастонашро бибурид

САДБАРГ

Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ, Ба гулдон мегузорӣ шодмона. Латифу содаӣ худ мисли садбарг, Дилат чун шохаи гул пурҷавона. Гули садбарг меорӣ ту

ЗАБОНГУМКАРДА

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре Хештанро бенишон гумкардае. Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,

ЗАИФ

«Агар дар ҷои ӯ будам, ту медонӣ, бародарҷон…» «Агар дар ҷои ту будам, дигарсон кор мекардам». «Агар ман ҳам калон будам, ту медонӣ, ки

ТИЛЛОИ БУХОРО

Ба ёд орам чу тиллои Бухороро дили тиллоиям сад пора мегардад; сари тиллоиям гиҷ мешавад аз ғам; вуҷуди хокиям бо хуни тиллодори ҷӯшонаш ба

ХАЙЁМ ДАР ҚАЪРИ УҚЁНУС

Олимони Амрико ва Фаронса сафинаи мусофиркаши амрикоӣ «Титаник»-ро, ки зимни сафари нахустинаш дар Ат- лантикаи Шимолӣ ғарқ шуда буд, аз қаъри чаҳорҳазорметраи уқёнус пайдо

ТАЛОҚИ МАРЗИЧ

Ярч чун сели бало Субҳдам деҳро фурӯ бурд. Деҳаи хобида ҷовидон бихобид. Бонги мурғе барнаёмад он саҳар Бар сари деҳ нури субҳонӣ натобид. Сахраҳо,

ПЛОН

Чӣ давроне, чӣ айёме Ба дарё ҳам плон додем, Ба кӯҳҳо ҳам плон додем, Ба саҳро ҳам плон додем. Плон бар барфу борон ҳам,

ЧАШМАИ ШОИР

Ҳеҷ донӣ ба Худгифи Соя1 Чашмае ҳаст – Чашмаи шоир. Номи зебост, номи рӯҳангез, Рӯҳи касро навозад он охир. – Лек афсӯс, – худгифие

ГИРЯИ ХОҲАР БАР МАРГИ ДОДАРИ АСКАРАШ

Рафтӣ сари дӯшат камон Бо сад хаёлу сад гумон. Баргашт модар аз гусел Аз марзи Афғон бо фиғон. Дар хонаи чашми падар Монд охирин

ЗИНДАГӢ (4)

Зиндагӣ хуршед дар боми ман аст, Зиндагӣ маҳтоб дар шоми ман аст. Зиндагӣ ёри гуландоми ман аст, Зиндагӣ Хайёми айёми ман аст. Гар набошад