Лоиқ Шералӣ Архив

БА ЁДБУДИ ГАГАРИН

Паридӣ то ба гардунҳо Даридӣ пардаҳои рози кайҳонро. Чунон бебок байни нуриён гаштӣ, Ки худ як ахтаре андар миёни ахтарон гаштӣ. Расидӣ то фалакҳо,

ГУЗАШТА

Хира-хира ёдам ояд ҳар замон З-он ҳама нақде, ки настонидаам. З-он ҳама азме, ки аз ноқобилӣ Андаруни хеш биншонидаам. Ёдам ояд з-он ҳама шӯру

РАНГҲО

Бигзарӣ чун аз Самарқанд, Аз Самарқанде, ки буда сайқали рӯи замин, Бингарӣ бар ҳар манору сардара, Бингарӣ бар гунбазу бар кунгура, Бингарӣ бар рангҳои

ЭҲТИЁҶ

Дар ниҳоди ҳар сағиру ҳар кабир, Дар бисоти ҳар касе равшанзамир, Дар дили ҳар аҳли дил, ҳар аҳли дард, Дар талоши ҷони ҳар барнову

КИТОБҲОИ ШАҲИД

Шуморо ҳам чу осӣ зинда гӯронданд, Шуморо чун Бруно зинда сӯзонданд. Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд, озурданд, Шуморо ҳам ба зери дорҳо бурданд. Шуморо

ДАР БАЧЧАГӢ

Дар замони бехудию бесарӣ Чун камонвар аз фалахмон Сангҳо афкандаам бар шишаҳои хонаҳо, Эй басо бо шавқу шодон. Бо фиғону моҷаро Пирзанҳо аз қафоям

ШУКРОНАЕ БАРОИ ДУШАНБЕ

Шукри ин шаҳр мекунам умре, Ки дар оғӯши худ паноҳам дод. Сарпаноҳи умедҳоям шуд, Ҳар чӣ мехостам, фароҳам дод. Шукри ҳар кӯчаи чанористон, Шукри

КӮҲҲО

Лашкари сафкашидаи сангин, Урдуи бар набард омода, Даст бар даст ҳамчу занҷире, Сарбаланду шуҷоъу озода; Корвонҳои сангбаста ба роҳ, Бори сангини қисмати тоҷик, Ё

ОЛИ СОМОН

Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон, Бӯстоне дар миёни шӯразорон, Гулхане дар лобалои кӯрдуд, Паҳлавоне дар миёни нотавонон – Оли Сомон! Махзани тилло ба дасти боддастон,

БАЪД АЗ ҲАЗОР СОЛ…

Ҷавоб ба ҳасудони Рӯдакӣ, хосса ба шоири ҳасуд Абӯзироа, ки дар мазаммати устод фармудааст: Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам, Аҷаб макун, сухан

ДУХТАРИ ТОҶИК

Кокулони маҳини тарбофаш Ба сари китфҳош мерезад. Файзи ҳусну малоҳати азалӣ Гӯӣ аз сар ба пош мерезад. Тоқии симдӯзияш монад Осмони ситораафшонро. Ханд-хандон зи

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ…

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст. Таърих гувоҳ аст, ки дар

ҲАМОСАИ БАРОДАРӢ

Мо – шуълаи як оташ, шогирди як дабистон, Гулҳои ранг-ранги як гулшани шукуфон, Сарчашмаҳои як рӯд аз авҷи кӯҳсорон, Ангуштҳои як даст, як дасти

СИТОРАҲОИ СӮХТА

Бисёр ситораҳои мо сӯхт Аз пастии мо дар осмонҳо. Бисёр азизи мо фурӯ мурд Норафта бурун зи остонҳо. Бисёр бузурги мо ба хорӣ Бигзашт

ГАНҶИ САРМАД

Беҳисоб аст ганҷи кӯҳсорон Хоки тоҷик мисли ганҷур аст. Халқи тоҷик пеши халқи ҷаҳон Бо ҳама ганҷҳош манзур аст. Ҳар яки мо хазинаи фитрат,

АЙНӢ

Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон, Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон, Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон, Зи соҳилҳои

ГАНҶИ КӮҲСОРОН

Ҳама ин ганҷҳо буданд, То имрӯз ҳам буданд Ниҳон дар қаъри куҳсорон, Ниҳон дар ҷавфи ҳар як санги куҳистон. Ҳама ин ганҷҳо буданд то

ДЕҲИ КӮЧИДА

Бодхурда сари ҳар деворе, Бомҳо рехтаву чӯкида. Тарҳи деҳ гарчи ба ҷо монда, вале Зиндагӣ ҷои дигар кӯчида. Зиндагӣ рахт бар он водӣ баст,

ИЛТИҶО АЗ ДИЛСОЗОН

Илтиҷо мекунам, эй дилсозон, Шавад афсурда дили шоир агар, Дили афсурдаю пурдарди варо Ба дили сунъӣ масозед бадал. Бас дар ӯ дарду ғами кулли

ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ

Мард он, ки ба корзори ҳастӣ Беханҷару бесипар барояд. Беханҷару бесипар, валекин Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд. Баҳри каму беши миллати худ Бо бешу

МАРСИЯИ ХУРШЕД

На он тақлид ин тақлид, На он хуршед ин хуршед. Зи баъди чанд милён сол мемирӣ ту, эй Хуршед! Ҷавоби он қадар дарвозаҳои субҳро

ҚАДРИ ШОИР

Рӯзе, ки ошиқон аз ҳам ҷудо шаванд, Рӯзе, ки зӯрҳо бемуттако шаванд, Рӯзе, ки одамон беошно шаванд, Бар қадри шоирон он вақт мерасанд. Шоме,

РӮДҲОИ КӮҲИСТОН

Рӯдҳо чун кӯдакони бепаноҳ Бемураббӣ ҳар куҷо сарсон буданд. Чун ятимон, чун ғарибон кӯ ба кӯ Дар талоши бахт саргардон буданд. Сар ба сангу

ТАМАННО

Тоҷикистон! Зи санги куҳсорат Чун нишона на мақбара хоҳам, Баъди маргам зи санги бисёрат Ёдгорӣ на пайкара хоҳам. Баҳри мастӣ барои ман кофист Қатраи

ҲАМДАРДИ КӮҲИСТОН

Ба хотираи Акашариф Ҷӯраев Ту мехондию мешуд об ҳар як санги кӯҳистон, Фарохо мешуду паҳно ҷаҳони танги кӯҳистон, Ту мехондию метобид андар дидаи мардум

БОНГИ ОЖИР

(Бар асари рӯйдодҳои Чили) Эй шумо бозичаҳои симу зар, Эй ҳавасбозони савдои худӣ, Бо чӣ миқдоре зи дунёи ҳама То кунун ҷӯед дунёи худӣ!?

Зиндаги чист

Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ, Гоҳ гумроҳему гоҳо раҳбарем. Гоҳ бо сар медавему гаҳ ба по, Гоҳ саргардону гоҳо сарварем, Эй дили дарёи ман,

Мардӣ

Касе бо ту ғами дилро нагӯяд, Касе бо ту раҳи фардо наҷӯяд. Чи бадгавҳар, чи нимодам, чи зиштӣ, Ки кас бо ту гули хоре

Лоиқ Шералӣ, шеърҳои ошиқӣ

Ман хушомад мезанам бар қуллаҳо, Мекунам таъзим пеши пояшон. То шавам монанди онҳо сарфароз, То бароям бар баландиҳояшон. То чу онҳо ҳар саҳар хуршедро

Шеърҳои ошиқӣ тоҷикӣ

Баҳоре буд, Баҳоре буду ишқе буду ёре буд, Ғурури саркашеву ифтихоре буд. Дарахтон ғарқи гул буданду баргу бор, Хуморӣ буд чашми ғунчаи бедор, Ба

Шеърҳои ошиқона тоҷикӣ

Гарчи мониқалам Рафоэлло, Хона нокарда аз ҷаҳон бигзашт, Аз арӯсаш надида оғӯше, Бас ҷавон ӯ аз ин макон бигзашт, Лек дар остони тӯю сур,

Шеъри ошиқӣ ҷудоӣ

Имшаб аз кӯчаи хаёлам боз Сояи қоматат чамон бигзашт. Бенишон буд ишқи мову ту, Сояат низ ончунон бигзашт. Лек бар решҳои куҳнаи дил Намаке

ҶУФТИ ҲАМБОЛ

Ману ту ҳар ду монандем – Ту ҳам тифли баҳорониву ман ҳам, Ту ҳам фарзанди борониву ман ҳам. Ҳамегӯянд, андар зодрӯзи мо Чу пайки

Шеърхои ошики барои чавонон

Аз хато, аз ғурур, аз таъхир, Аз ҷафо, аз ғиром, аз тақсир, Аз дурӯғу фиреби домангир Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс, Ошиқӣ дер мешавад,

РАҲГУЗАР

Ҳамчунон к-аз каронаи шаҳре Раҳгузар бошию гузар созӣ, Бетаваққуф зи шишаи мошин Сӯи ҳар манзараш назар созӣ, Ё чунон ки ба манзили дуре Сафарӣ

Чи тавр дуруст зиндагӣ кард?

Рӯзҳо мегузаранд, Рӯзҳо аз сари мо, Аз дили мо мегузаранд Хабари лаҳзаи дидору ҷудоӣ бар лаб, Аз раҳи манзили мо мегузаранд. Ба назар Мо

Қиссаи зиндагӣ

Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам, Ҳамеша дилкушодиву ҳамеша рӯи хандон буд. Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам, Зи ҷӯши хандаю шодӣ на бадгӯӣ,

Ҳикмати зиндагӣ

Гарчи ҳамсояему ҳамдаврон, Ҳар кадоме ситораи дурем. Як сареву ҳазор савдое, Худсару худписанду мағрурем. Зиндагӣ бас фиребамон бидҳад, То варо боз дӯсттар дорем. То

Дилбар

Ало, эй дилбари дар бехудӣ гумкардаам, боз о! Ало, эй ҳамдили дар орзу парвардаам, боз о! Мисоли сурати бахти ман аз пеши дарам бигзар,

ВАТАН

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар. Ватан –

ДУШАНБЕ

Дилам хоҳад барои ёдгорӣ Нависам дар тани деворҳоят Ду-се байте чу арзи меҳру савганд Барои ту, барои наслҳоят. Ду-се байте, ки ҷӯшад аз дили

ҒАЗАЛЕ БАРОИ ХУД

Мешавам ҳар рӯз дигар, ҳар нафас кам мешавам, Ҳар қадар худро биҷӯям, он қадар гум мешавам. Гоҳ мисли сабза мерӯям барои Офтоб, Гоҳ пинҳон

Дили девона

Аз муҳаббат то маломат, Аз садоқат то хиёнат, Аз замин то осмон, Аз осмон то ресмон, Дар сари як мӯй кардӣ дорбозӣ Аз барои

Шеъри Лоик — Зиндаги

Бинам, ки дар мағозаю бозорҳои шаҳр Беназмию ҳаёҳую ҳангомаҳо бувад, Парвози фикрашон фақат то нархи ину он, Маънии зиндагияшон нарху наво бувад. З-ин варта

Користон

Дар дили ман ду лашкари ҷаррор Байни ҳам ҷангу шӯрише доранд. Ҳар кадоме барои матлаби хеш Гирудору кашокаше доранд. Он яке ғолибу дигар мағлуб,

Диле дил

Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам. Дилам шеъру суруди бетавофутро набипзирад. Суруде хоҳаму шеъре, Ки мадду ҷазри дарёи дили моро фаро гирад. Суруде хоҳаму

Дар бораи забон

Араб гӯянд Синоро гурӯҳе, Гурӯҳе форс ё тоҷик донанд. Гурӯҳе ӯзбакаш гӯянду лекин Агар сад бор осораш бихонанд, Нафаҳманду паи тафсири ҳар ҳарф Ҳама

Шоира

Бӯалӣ – бихради накӯфарҷом Рози дилро ба ду забон мегуфт. В-он ҳакими нишобурӣ – Хайём Дурри маънӣ ба ду забон месуфт. Шоирон беш дузабон

Руи Замин

Замин – модархудои мутлақи мо, Барои кӯдакон шабзиндадор аст. Ба чашмонаш шикаста хоб гӯӣ, Ба тифлон қисмати нек интизор аст. Мисоли ошиқони покпаймон Замин

Ало шодоб соҳилҳо

Ало, шодоб соҳилҳо, Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз, Ки рӯзе хушк хоҳад шуд. Ало, зебои маҳфилҳо, Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд

Қадди баланд

Қадди одам ба лаҳзаи мурдан Гашта гӯё зи буда норозӣ, Боз, гӯянд, қадре меёзад Дар талошу набарди ҷонбозӣ. Лаҳзаи разми зиндагию марг Одамизод бо

Шири хом

Одамизод шири хомхурда, Мешавад ӯ ба ҳар замон дигар. Борсанги ҷаҳон ба дӯши ӯст, Гоҳ қубҳаш зи ҳуснаш авлотар. Гоҳ аз ишқ тавба мегӯяд,

РАҚҚОСА

Меситезӣ, ____Мегурезӣ, ________ Менавозӣ, ___________Мегудозӣ, Панҷаҳоят мешуморад рӯзҳои рафтаро, Мекунад ошуфтадилтар шоири ошуфтаро. Бо парешонбозиҳои кокулони тобдор Ёдам орӣ аз парешонбозиҳои рӯзгор. Он чунон

БАРОИ МАҲМУДИ ВОҲИД

Агар бераҳбалад бошӣ, Равон шав қад-қади дарё, Ба уқёнус рӯзе мерасӣ, эй дӯст. Агар бераҳбалад бошӣ, Ба роҳи рост роҳӣ шав, Ба кӯи дӯст

ҲУСН

Як буттаи гул будӣ, сар то қадамат гул буд, Фасли гули ҳуснат буд, он вақт ҷавон будӣ. Ҳар печухами мӯят сад лонагаҳи дил буд,

БАРОИ СОРБОН

Мо кӯдакем, кӯдаки нодону содаем, Бар зочаҳои дигаре мо дил ниҳодаем. Акнун ба зери осмон дар роҳи орзу Сад осмони дигаре дар худ кушодаем.

ЧАШМҲОЯШ

Аз нигоҳаш мечакад оҳангҳо, Достонҳо, қиссаҳо, афсонаҳо. Саргузашти чанд ошиқ, Сарнавишти чанд ошиқ, Нутқҳои нӯшбодӣ, Қаҳ-қаҳи мастонаю фарёди шодӣ, Нозиши хушбахтии яклаҳзагӣ, Нолиши бархурдану

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

БАРОИ УСТОД БОКИ РАХИМЗОДА Дар ин дунё ду-се марди бузурге пуштибони мост, Дар ин дунё ду-се соҳибдиле ҳамдостони мост. Ба зери осмони ниливу рӯи

Лаби дарё духтари зебо

Равам бегаҳ лаби дарё нишинам, Ки рӯзи рафтаи худро бибинам. Бибинам, то ба чини рӯи дарё Чи монанд аст ожанги ҷабинам. Биомӯзам зи дарё

ДИЛРО КУШО БА МАН

Ҳар кас, ки бо ту бошаду бо ту нафас кашад, Бо чун туе ба бистари уммед сар ниҳад, Як лаҳзааш саодати ҷовид медиҳад, Хушбахт

Саъдии Шерози

Нарафт ӯ як қадам берун зи Шероз, Ҷаҳон аз баҳри ӯ Шероз буда. Канори оби Рукнобод умре Варо ҷои ниёзу ноз буда. Басо аз

Давраи кудакӣ

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам, Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам. Бар сари зонуи модар боз биншинам даме, Гиряму

Дафтари хотира

Даштҳо пурсукуту холиянд, Рӯдҳо бехурӯшу камобанд. Монда урён дарахтҳои сабз, Аз хазон рангзарду нотобанд. Ғаллазорон тиҳӣ шуданд аз файз, Ҳамчунон хонаҳои баъд аз тӯй:

Ишқи аввал дар кудаки

Ишқи аввал – ғӯраи сармозада, Норасида мефитад аз шохсор. Реша гар дар об дорад нахли умр, Боз орад бор дар дигар баҳор, Эй дили

Оқибати ошиқӣ

Туро рӯзе ман аз тақдир медуздам, Туро рӯзе ман аз ту мерабоям. Ба мисли одамони болдори қиссаву афсонаҳо Туро дар рӯи боли хештан мегираму

Шаби аввал

Бо ту будам як шабе танҳо ба танҳо то саҳар, Бо ту будам як шабе дар боғи гулҳо то саҳар. Як шабе зуд аз

МОҲИИ ТИЛЛО

Оби Ому як замон мерехт дар баҳри Хазар, Як замон аз назди ҳавлии ту мекардам гузар. Ман ҷавони сода будам, Бо ту ман дил

Духтарони Душанбе

Хонаҳои баланду шаҳроро, Шаҳри зебою кӯчаю гулгашт… Дар ҳамин кӯчаҳои пурғавғо Ошиқию ҷавониям бигзашт. Ҳар ғурубе нигори атласпӯш, Як гул аз боғи хеш меовард.

ҶАВОНӢ РАФТ

Маро дар кӯчаҳои шаҳр бинӣ Гаҳе сархам, гаҳе шӯридахотир. Маро гаҳ шӯху гаҳ бадқаҳр бинӣ, Гаҳе розӣ, гаҳе қаҳрӣ зи тақдир. Ғами ту куҳна

ҒАЗАЛИ ДАРЁ

Ман он рӯдам, ки андар роҳи туғён На санги раҳ, на соҳил мешиносам. Ман он дарёи пурошӯбу якрав, Ки танҳо шеваи дил мешиносам. Равонам

ТАРОНА

Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро, Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро. Ман охир рӯдҳоро раҳнамоӣ мекунам рӯзе, Паёми об меорам ҷавори даштзоронро.

МАН ҶАВОНАМ…

Ман давоми рӯзгори рафтагонам, Ман нишони одамони бенишонам. Ман ба ҳар як аскари азёдрафта Ёдгори бегазанди ҷовидонам. Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам! Рӯҳбахши