Лоиқ Шералӣ Архив

МАН НАМЕМИРАМ

То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро, То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро, То наёбам роҳи дилҳои тамоми зиндагонро, То набардорам ба дӯшам дӯшбори ин замонро,

БОЗ ЯК РӮЗАМ ГУЗАШТ

Офтоб аз хонаи ман рафт бегаҳ, Боз як рӯзам гузашт, Боз як рӯзи пур аз сӯзам гузашт. Кай ба дунё омадам ман? Кай зи

СИЛСИЛА

Аз раҳи хоксорӣ баъзеҳо Дар назар гарчи ноаён ҳастанд, Лек аз баҳри гулханафрӯзӣ Гӯиё пешдаргирон ҳастанд. Аввалин одаме, ки ҳарфе гуфт, Буд беном, мо

КОРВОНИ КӮҲҲО

Ба зери болиши кӯдак гузоранд Ба рӯзи нийяти гаҳворабандон Зи рӯи расм як нони тамоме, Ки бахти комиле ёбад зи даврон. Ва ё дар

РУҶӮИ ДОСТОНЕ, КИ ҲАРГИЗ НАМЕТАВОНАМ НАВИШТ

Ҳар саҳар ман бор мебандам ба аспи раҳсипори офтоб, Корвонам бори дилҳо мекашад – аз уфқ то уфқи дигар. Ҳар саҳар аз нав таваллуд

Мардон

Онҳо, ки замини модаронро Чун хокшинос мешиносанд, Андоза кунанд бо қадамҳо Ҳар роҳи варову сар набозанд. Бояст шинохт ин заминро, Чун пайкари захмноки одам.

Марди чист

Ҳар он к-ӯ мард буду заҳрае дошт Ба майдон омаду майдонталаб буд. Ҳамеша бесилоҳ, аммо батадбир Баору нангу боному насаб буд. Ҳар он к-ӯ

Дуст

Дӯстон, хушбахт бошед, Дар ҷаҳон бо ёри хушгил! Дӯстон, хушвақт бошед, Дар дили ёрони хушдил! Ҷои ожанги руху чини ҷабин Рӯзҳои неки худро бишмаред.

Шеърҳои ошиқӣ аз Лоиқ Шералӣ

Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад, Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад. Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ

Шеъри Бародарам

Чу хонам шеърҳои тозапардоз – Ба ранги нав ҳама такрори пешин, Бигӯям, – офарин бодо ба Хайём, Ки беподош гуфт абёти рангин! Чу хонам

ЁДИ ЗОДГОҲ

Арчаҳои сабз – қадди хоҳарам, Сабзаҳояш – хатти сабзи додарам. Кӯчаҳои тангу беному рақам – Роҳҳои саргузашти модарам. Кӯчаҳоро номи зебо додаанд, Хонаҳоро зебу

ЗАМИНИ ФУРУШИ

Бисёр саворагон бидидам, К-аз фахр ба арш мерасиданд, Биншаста ба рӯи зини заррин, Аз синаи Моҳ мемакиданд. Бо дасти амонати «худоӣ» Аз домани Зӯҳра

ҶАШНИ ҲАЖДАҲСОЛАГӢ

Шеър барои зодруз Кӣ аз модар ду бор таваллуд шудааст? Кӣ ду бор кӯдак будааст? Кӣ ду бор ба ҳаждаҳ даромадааст? Нестӣ нахли дубар,

ШЕЪРИ НАВ

Бахшида шудааст ба Мӯъмин Қаноат Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав, Ҳамчу тифли инқилоб Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб. Захмҳои пушти Айнӣ сатрҳои

МАРО ЯК ФОЛ ЗАН, ЭЙ ЛӮЛИДУХТАР

Маро як фол зан, эй лӯлидухтар, Ки сарфолӣ диҳам ин ҷону ин сар. Маро як фол зан, бахти маро ёб, Ки чун рӯи ту

СУРУДИ МЕҲНАТ

Чӣ гум кардӣ, ки меҷӯӣ саҳар то шом дар саҳро? Ҷавонӣ? Гармии дил? Гармии даст? Ва ё гум кардаӣ ангуштари мероси модарро, Ки меҷӯӣ

КИТОБИ САНГИН

Шеър барои санги мазор навишташуда.  Ба рӯи санги қабри хоксоре Чунин ҳак гашта байти обдоре: «Маро бо хоҳиши ман н-офариданд, Вале бо хоҳиши худ

ДОСТОНИ ДАСТҲО

Ҷӯяҳо монанди чини рӯи деҳқон, Пунбаи бишкуфта ранги мӯи деҳқон, Пунба хандон, домани саҳро шукуфон, Чун дили поку ҳақиқатҷӯи деҳқон. Куртаи алвон ба қадди

Хок

Ҳар чӣ арзон бошад, онро дар масал «Мисли хок арзон» бигӯянд одамон. Хок бисёр аз тамоми ганҷҳо, Ганҷҳое, ки дар ӯ бошад ниҳон. Чун

ТОҶИ АРӮСӢ

Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй, Пеши пою қадамат гул мерехт. Қул-қули шишаи май бар гӯшат Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт. Байни ҳавлӣ чу шарори

ТУ БОШИЮ МАНУ ИН КӮҲСОРОН

Ту бошию лаби дарёи кӯҳӣ, Ҷавонию хумори ношикаста. Ту бошию бари домони саҳро, Бароят гул бичинам даста-даста. Бари домонат аз шабнам шавад тар, Ба

КАБӮТАРҲО

Даруни номаат ҷуфти кабӯтар, Даруни номаат расми диле буд, Даруни номаат барги гули тар Фурӯзон чун забони машъале буд. Кабӯтар номаи секунҷа мебурд, Ба

РОҲИ ҚУЛЛАҲО

Ҳар кӣ хоҳад бар баландиҳо барояд босубот, Ҳар касе хоҳад гузорад по ба тори қуллаҳо, Дар раҳи пурпечухам сӯи фарозиҳои кӯҳ Мекунад таъзим доим,

ДЕҲҚОНИ ХОКПОШ

Ба омоче, ки мероси худоист, Замини бандагиро карда шудгор, Гузашт ӯ сарҳади бечорагиро, Ба бахту бо замин шуд ҷовидон ёр. Зи даст омочро ҳаргиз

СУРУДИ ИФТИХОР

Ба рӯи ин замини беканора На шахси аввалин, на охиринам. Шуои моҳро аз чоҳ ёбам, Гули хуршедро аз хок чинам. Ба марги дӯстон гирям

ДУХТАРИ РУС (РУСТОӢ)

Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус, Набастӣ захмҳои аскаронро. Накардӣ сила бо дастони нармат Сари аз тир маҷрӯҳи ҷавонро. Валекин андаруни номаи худ Фиристодӣ ба

ОДАМИ ХОКӢ

Ахтарони фитода аз афлок Бори дигар ба осмон н-оянд. Сарнагун уфтода аз гардун, Гӯшаеро зи худ наороянд. Лек инсон равад чу бар гардун, Пеши

ҶОГАҲИ ХОЛӢ

Ҷогаҳи холист чун тирдони холӣ, Тир аз он рафта кайҳо бар нишон… Ҷогаҳи холист пур аз қаҳрамон, Пур зи ёду ёдгори қаҳрамон. Буд як

КИШТИИ ФАРДО

Шаҳр ҳамчун киштие дар рӯи баҳр Ҷовидонӣ лангар афкандаст дар баҳри ҳаёт. Пойдевораш на аз оҳан, на аз фӯлод, Балки аз ҷавонист. Кӯчаҳои тахтафарши

ШЕЪРИ МӮЙСАФЕДОН

Баҳор ояд, чу вақти кишт ояд, Замин ҳамчун дили ошиқ биҷӯшад. Ҷавону пир баҳри ҳосили нав Саҳар то шом дар саҳро бикӯшад. Нахустин донаро

БА ЧАШМИ ТУ

Гузаштам аз раҳу бероҳаҳо, аз кӯҳу дарёҳо, Зи даштистони бедоду зи бефарёд саҳроҳо. Гузаштам бе ту шабҳо кӯчаҳои ширгуни ____________________Каҳкашонро, Ту будӣ муҳраи ҷонам.

ДУМБУРА

Реза-реза медавад асп, Аз ҳаво намреза мерезад ба рӯю чашмҳояш. Мешавад ҳар тори ёлаш шаддаи зебои марҷон. Рӯи зин биншаста як зебоҷавон, Ҷомаи домодӣ

КӮҲИСТОН

На масҷид монда, на минбар, ___________________ҳама вайронаву абтар, Намеояд дигар бар гӯш овози азонхоне. Ба тоқу бар равоқи хонақоҳи бехудо холӣ Кабӯтарҳои саҳро мекунанд

ЧАРОҒАТРО ФУРӮЗОН КУН

Ба ту ошиқ шуданду роз гуфтанд, Суханҳои ҳавоӣ гуфта рафтанд. Чу диданд ошёни ту баланд аст, Ба пастиҳои дигар раҳ гирифтанд. Надонистанд дунёи дилатро,

БАЧЧАГӢ ШЕЪР

Суруди яккафарёди шабонгоҳии хирманкӯб Ба гӯшам мерасад аз дуру дилро медиҳад ковиш. Дилаш монанди саҳро бекарон асту саховатманд, Садои навҳадораш бар дилам илқо кунад

ШЕЪРИ ЗИНДАГОНӢ

Зиндагӣ ҷорист чун рӯди равон, Ҳам ба сӯи дашти бирён, ҳам ба сӯи гулситон, Кафки мавҷаш ҳамчу риши мӯйсафедон Пур зи асрор асту пур

Сайди маъни

Ман он сайёди гӯлу сода будам, Ки ту чун моҳӣ лағжидӣ зи дастам, Тамоми рӯз биншастам ба соҳил, Ба уммеде, ки бозоӣ ба шастам.

АҚРАБАКҲОИ СОАТ

Ақрабакҳои соати дастат Соате баъд рӯ ба рӯ оянд. Баъди саргаштагии кӯтоҳе Боз оянду роз бикшоянд. Ақрабакҳо чу рӯи ҳам оянд, Аз ҳасад гӯӣ

ЭЙ ҶАВОНӢ

Мекунӣ шаккокию густохиҳо Бо худоёни замину осмон. Мехурӯшӣ, меситезӣ, Мекушоӣ роҳи худро Дар миёни ин ҳама пасту баландии ҷаҳон. Ҳамчунон Шаддод, ки сӯи худо

ЗАМИНИ МЕРОСӢ

Ман дар ин ҷо посбонам, Посбони зиндагону рӯҳбони мурдагонам. Баҳри фардо, баҳри истиқболи нурафшону зебо Дастовези азизи модаронам. Ман дар ин раҳ раҳнаварди аввалин

Шеър дар васфи ватан аз Лоиқ Шералӣ,

Хуршед кай ба ними раҳ истод ногаҳон Чун дид дар саросари хокат мусибат аст? Дигар нашуд харитаи рухсори моҳтоб, Чун хатти сарҳади туро ноодаме

ТИРАМОҲ

Осмони тозарӯ шуд тирарӯ, Токҳоро гӯр карданд. Пояҳои хушки пахта бегулу бебарг монданд, Рафт з-онҳо қадру қимат – он гули симинашон, Сӯяшон сар хам

КАБКИ ДАРӢ

Эй кабки дарӣ, ту будӣ озод, Дар сар-сари санг мепаридӣ. Дар қуллаи пойпораи кӯҳ Аз ҳеҷ касе намерамидӣ. Мехондӣ суруди ҳастиятро Бо қаҳқаҳае ба

ЗАХМҲО

Мечакад об – Мечакад хун То ҳанӯз аз захми тири душманон, Аз тану аз шохҳои нахлҳои безабон. Барг сабзу навда сабз, Шохсорон шоду шодобанд

МАРО ХУШБАХТ КУН, ЭЙ ГУЛ

Туро ман ёфтам аз ошёни сарбаландиҳо, Маро хушбахт кун, эй гул! Ба даври домани гулдӯзият номи маро ҳам дӯз, Ба даври гардани худ ҳалқаи

БИҲИШТИ ГУМШУДА

Маро ҷустӣ, ки ёбӣ боз он дилдодаи дерин? Чаро беҳуда мекобӣ? Маро дигар намеёбӣ. Ман андар хобҳои мастӣ будам бехуду беёд, Ман андар олами

ФАРЗАНДИ КӮҲСОР

Шудам пазмони оби чашмасорон, Равам, дар кӯҳсорон хона созам. Шавам як лаҳза беқайду сабукрӯҳ, Ба худ як олами афсона созам. Бисозам чанбар аз гулҳои

Ошиқи шеър

Ошиқам бар сари афрохтае, Ки ба хокӣ буданаш афлокист. Ошиқам бар лаби хандон, ки дар он Хандаи пурҳияли шайтон нест. Ошиқам бар каси бедастархон,

ҲАСРАТ

Кӯр шуд роҳ миёни ману ту, Канда шуд ҳалқаи пайванд дигар. Баъд аз ин роҳ ба манзил набарад, Баъд аз ин роҳ дигар, банд

ҒАНИМАТ

Ист, ин лаҳза-ст нотакрор, ёр, Шоҳиди ҳастии ҳамдигар шавем. Ту ба ман, ман дар ту ҷо ёбему зуд Аз барои ҳамдигар раҳбар шавем. Ист,

ОХИРИН НЕКӢ

Туро номурда куштам ман, Туро дар хеш гӯрондам. Биё, худро зиёрат кун! Биё, як дам нишин дар гӯшаи вайронаи қалбам, Ба ёди рӯзҳои рафта

ПАЙМОНАИ МУҲАББАТ

Намехоҳам, ки дар хушкӣ шавӣ ғарқ, Намехоҳам, ки бинам дар сари субҳи ҷавоният ғуруби офтобатро. Ба он ёде, ки дар ман лона дорад, Чу

ҶАВОНӢ

Шеър ба дӯстам Меҳр Ману ту ҳар ду ҷавонем, рафиқ, Шоҳиди фасли ҷавонии ҳамем. Роҳ яктост, вале дил як нест, Дил яку тобеи ду

СУРУДИ ХАЙРБОД

Ба ёди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (Исмоил Ҳамзаалиев) Боз меояд баҳору боз механдад чаман, Нури маҳ дар рӯи раҳ аз сояҳо гул меканад. Захми ман

ХОТИРА ДАР ПУШТИ СУРАТ

Навбаҳор асту зи гулзор гуле ночида, Дами гарм асту ба дилҳост вафо нақд ҳанӯз. Сари субҳ асту нафасҳост ба ҳам печида, Ту ба ман

ЭЙ ДИЛИ ПУРОРЗУ, ҒАМГИН МАШАВ

Эй дили пурорзу, ғамгин машав, Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ Гоҳ гумроҳему гоҳо сарварем, Кӯҳнааслу ранг меҷӯем нав, Лек онро ҳам на бо худ

АНДЕШАҲО ДАР САРИ СУБҲ

Домони осмонро бо шӯълааш дарида, Хуршед чеҳра бинмуд чун духтари ҳамида. Бо худ ба ман чӣ орад ин субҳи навдамида? Кӯтоҳ умри одам аз

ТОРҲОИ НОНАВОХТА

Ҷавонӣ, масти ҳусну обутобӣ, Ба рӯи ганҷи Қорун менишинӣ. Агарчӣ нестӣ Лайлӣ, валекин Ба истиқболи Маҷнун менишинӣ. Ту мехоҳӣ, ки дар афсонаи ишқ Ҷавон

РОҲИ ДИЛҲО

Ба муносибати гузошта шудани ҳайкали устод Рӯдакӣ Кашида мил бар чашмаш, варо ронданд аз даргоҳ, Ки то бечашм баъд аз ин набинад рӯи дунёро, Наёбад

МУҲАББАТИ АВВАЛ

Самои нилкору шӯълаи субҳонаи хуршед, Дамиданҳои хоки хобноки навбаҳоронро Дилам дар хеш пинҳон дошт, Меболид, меҷӯшид, Шабам хуршеди тобон дошт. Зи пушти тӯри барфи

Гумон

Гумон дорӣ, ки баъди бо ту будан, Пас аз бо ту нишастан, роз гуфтан, Сари зулфи туро бозӣ намудан, Бувад чизе кирои боз гуфтан?

ҲАСАД

Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки туро Бастаи ишқаш намуда, дилнавозӣ мекунад. Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки ба меҳр Назди ту

ҶАВОНӢ МЕРАВАД…

Ҷавонӣ меравад аз ман, ҷавонӣ меравад охир, Нахоҳам рафтанашро, лек аз ман меравад, ором. Дурахши чеҳраву мӯи сияҳ, чашмони бодомӣ – Ҳама хоҳанд шуд

Куҳистон ва даври кӯдакӣ

Аз куҳистонӣ, зи фасли кӯдакӣ Кӯҳро дар синаят ҷо додаӣ. Дар сари сад қуллаҳо по мондаӣ, Дил ба рози кӯҳҳо бикшодаӣ. Рӯй дар оби

ВО ҶАВОНӢ!

Ба рӯи раҳ гули пажмурда дидам, Лагадмол асту менолад ниҳонӣ: Замоне зеби кокул будам, акнун… Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ. Бидидам нонпар аз боли

МАВҶҲО

Мавҷҳо, эй мавҷҳои беқарор Аз чӣ меларзед бо сад изтироб? Аз чӣ беором ҳастед ин қадар, Аз чӣ меларзед чун тори рубоб? Чашми манро

ХОТИРА ДАР ПУШТИ РАСМ

Ин расми ёдгорест аз давраи ҷавонӣ, Аз рӯзгори ширин, аз даври камнишонӣ. Он рӯз маст будам, масти хумори ёрон, Дил ёди ёр мекард дар

ХАЙР, ЭЙ РӮЗИ ГУЗАШТА

Хайр, эй рӯзи гузашта, хайр, хайр Дафтари шеъру суруди гумшуда. Хайр, эй як зарраи нури басар, Рафтию аммо нарафтӣ беҳуда. Рафтӣ аз ман –

ИСТ ЯК ДАМ

Ист як дам, як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту, Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетоқатам. Гӯш кун ҳарфи муҳаббат аз дили н-олудае, Аз

Ситораи осмон

Эй ситора, эй ситора, баъд аз ин хомӯш шав, Нурафшонӣ макун дигар ба болои сарам. Шаб ба ҳукми туст, аммо ман ба ҳукми ту

ЛАҲЗАИ ПАДРУД

Хира буд моҳ ба саҳни гардун, Шаб ба поён бирасид, субҳ дамид. Офтоб аз паси кӯҳ чеҳра намуд, Шабнам аз рӯи гулу сабза парид.

ЧАШМАИ ДИЛЁБ

Дар зимистон оби он гарм аст, гарм, Фасли гармо сард монанди яхоб. Оби софи нилгун чун осмон, Рӯҳпарвар чун шуои офтоб. Дар сари ду