Такягох,
Эй халқи мехрубон, эй ёри рохи ман,
Ҳастам гувохи ту, ҳастӣ гувохи ман.
Бо ман ту ҳамтани, ман бо ту ҳамтанам,
Ҳамҷони ман туи, ҳамҷони ту манам.
Як умр мазҳабат ободаори аст,
Бунёнгузори аст, бунёдаори аст.
Мондаст дини пок аз Зардухишти ту,
Аз дони неаи аст сарсабз кишти ту.
Будем ёри нек, будем хасми бад,
Мондем ҷовидон бо санъату хирад.
Пиндорамон- наау, гуфторамоннааа,
Рафторамоннааа, осорамоннаак.
Сабз аст умри ту аз донаи сухан,
Ҳар донаи сухан — дурдонаи Ватан.
Таърихи ту маро додаст обутоб,
Баҳрат гузашта ман аз оташу аз об.
Кардам ба гуфти ту, аардй ба гуфти ман,
Бо туст доимо гуфтушунуфти ман.
Бо чашми ҷону дил ман дидаам дуруст —
Ин мула то абад рушан зи ақли туст.
Ман дидаам дуруст — бахтат зи вавдат аст,
Гар ёри вавдатй, ёрат саодат аст.
Эй халки сарбаланд, собит ба мисли куҳ,
Асли ғурури ту мебахшадам шукуҳ,
Мебахшадам тавон, мебахшад эътимод.
Ин мулк мешавад обод аз ин зиёд.
Эй халк, мешави озодатар аз ин,
Бар сарзамини худ дилдодатар аз ин.
Ман ҳамдами туям дар ин раҳи умед,
Эй дилсафеди ман, бодо раҳат сафед.
Дар ин раҳи умед, эй мардуми Ватан,
Ман- такягоҳи ту, ту — такягоҳи ман!