ТАМАЪ
Мекунад аҳли башарро
Сер аз ҷонаш тамаъ,
Ҳам ҷудо созад мусулмонро
Зи имонаш тамаъ.
Бегараз одам надидам
Ман ба дунёи ғараз,
Модар аз духтар, падар хоҳад
Зи шеронаш тамаъ.
Зери чашмон гир меҳмоне, ки
Даъват кардаӣ.
Андар ӯ зоҳир шавад:
Як турфа эҳсонаш тамаъ.
Ҳар куҷо рафтӣ ба коре,
Ғун шавад ҳоҷатбарор,
Бингарад пешу пасашро,
Чор чашмонаш тамаъ.
Ҳар кӣ дар роҳи худо
Дасте занад баҳри савоб,
Ёфтан аз ҷои нағзи
Ҷаннат имконаш тамаъ.
Чӣ бало, бечорагӣ бечораро
Ноҷор кард,
Аждаҳонафсон кунанд, э воҳ,
Аз нонаш тамаъ.
Ӯлмасо, донӣ худат ҳам
Мубталои ин бало –
Иштиёқ аз шеъргӯӣ –
Меҳри инсонаш тамаъ.
Шарҳи худро нависед