Таманно мекунӣ

Таманно мекунӣ, шабҳо канори ман нишастанро,
Ва пазмон мешавӣ чун хома ҳар як мисраи манро.
Ту бе ман чун ғариб астӣ валекин мекунӣ ёдам,
Ба мисли он ғарибе карда ҳар дам ёд Меҳанро.
Ту мӯҳтоҷи муҳаббатҳои як мардӣ, азизи ман,
Ки эҳсосе кунад, шабҳои танҳоии як занро.
Дилат хун мешавад аммо ба дарду ғуссаву ҳасрат,
Таманно мекунӣ, шабҳо канори ман нишастанро,

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед