Тамоми тору пудаш навгароист

Ба ақли кӯтахат гардан фароз аст,
Дилат холиву ҷонат бениёз аст.
Забони модарӣ гум кардаӣ, лек
Забонат дар забонбозӣ дароз аст.
Ало, эй ҳеҷкас, мову манат чист?
Ба рӯн моқи тобон доманат чист?
Ало, эй чашмаи хушкидаоғоз,
Ба дарё шӯр омӯзонданат чист?
Далолатро адолат ном карданд,
Кароҳатро малоҳат ном карданд.
Чӣ дилкӯрис г, ки бархе зи боло
Касолатро асолат ном карданд.
Дусад дарбон, валекин дар надорад,
Ду сад фармон, валекин фар надорад,
Аз ин саркори мо дигар чӣ хохд.
Ки саркор аст, аммо сар надорад.
Гурӯҳе тирарӯ, беахду паймон,
Гурӯҳе тирадил, бе ну ри имон.
Ман аз куффор чун нолам, ки ҳар рӯз
Бирӯяд аз мусалмон номусалмон.
Дилу ҷонат дилу ҷоне набуда,
Агар қурбони ҷононе набуда.
Зи сад сарвар сарат гумраҳ бимонад,
Агар дар роҳи имоне набуда.
Зи ту чун Рӯдакӣ гнрён бимирам,
Чу Лоҳутӣ зи гу нолон бнмирам.
Ьарон ту диламро об кардам.
Надодн об, то осон бимирач
Намедонам сағирам ё кабирам,
Намедонам амирам ё асирам.
Ҳамин донам, ки дар дунёи фонн
Ба ҳасратҳову армонҳо бимирам.
Гахи сарбор мондй шонаамро,
Кашондй пояи кошонаамро.
Маро афсона кардӣ, лек афсӯс,
Нахондй охири афсонаамро.
Тапидам, бас тапидам, бас тапидаам,
Дамидам, бас дамидам, бас дамидам.
Ба ними қулла рафтам, ё нарафтам,
Хамидам, пас хамидам, пас хамидам.
Замоне буд ишқу давлати дил,
Замоне буд қадру қимати дил.
Замоне буду ишқе буду бигзашт,
Биё, ҳасрат кунем, эй Ҳазрати Дил!
Ғазанфарзодаё. рӯбаҳ чарой?
Сикандарзодаё, аблаҳ чарой?
Самандарзодаё, хокистарат ку?
Паямбарзодаё, гумраҳ чарой?!
Бани одам, ки эъҷози худоист,
Тамоми тору пудаш навгароист.
Вале бас «одами нав» дидам имрӯз,
Ки бадтар з-одамони ибтидоист.
Саре не, лек афзун сарваре хаст,
Фаре не, лек пу ркарруфаре хаст
Дарсги Рӯдакй! Имрӯз хар ҷо
Ьасо сардафтари бсдафтаре хаст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед