Тамошо тҷ

Баски дилгир аз тамошои гулистон гаштаам,
Ҳамчу бӯйи гул даруни ғунча пинҳон гаштаам.
Як табассум кардам, аҷзои худ пошидаам,
Чун димоғи гул зи хандидан парешон гаштаам.
Пушт бар девори ҳастӣ ҳамчу сурат мондаам,
Чашм то во кардам, бар халқ ҳайрон гаштаам,
Сар ба пеш афгандаам, чашм аз ҳавас пӯшидаам,
Орзуро тугмаи чоки гиребон гаштаам.
Хуни дилро аз надомат чашмаи хун кардам.
Муддате баҳри даво гирди табибон гаштаам.
Дар тани ман аз ҳаводисҳои даврон рахнаҳост,
Аз таҳаммул, Сайидо, кӯҳи Бадахшон гаштаам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед