Тарҷумаи ҳоли шоир
Оина чин оина, симурғи мусофир , ҳон!
Дар буткадаи бовар бо хотири саргардон.
Девору дару занҷир кай доми муҳаббат буд,
Яъне ки накун соат, сарфи нафаси ҳиҷрон.
Дар коргаҳи тӯфон ин кохи забарҷад чист?
Ҳайф аст фано кардан умре, ки барад тӯфон.
Дар бодияи бовар гумкардаи ман ёро,
Оре,ҳама кас буданд ҳам рафт зи бовар ҷон.
Тарҷумаи ҳоли ман як вожа бувад ёро,
Як вожаи пур гавҳар, беранг, бале, борон.
Гуфтанд биё минбар, як вожаи зебо гӯ,
Гуфтам ки биёмӯзед як ному кифоят он.
Як ном, ки гирди ӯ офоқ ҳамечархад,
Ройе ки расад то ӯ покии дилу виҷдон
Шарҳи худро нависед