ТАРАБ, ЭЙ ДИЛ, КИ НАВБАҲОР ОМАД
Тараб, эй дил, ки давбаҳор омад,
Аз сабо бӯйи зулфи ёр омад.
Ҳон назора, ки гул ҷамол намуд,
Бин тамошо, ки навбаҳор омад.
Ба тамошойи боғу саҳро шав,
Ки чаман хулдин ошкор омад.
Дар рухи гул ҷамоли ёр бубин,
Ки гул ёр ёдгор омад.
Аз сабо ҳоли кӯйи ёр бипурс,
Ки саҳаргоҳа аз он диёр омад,
Бар дари ёри мо гузашт насим,
З-он гулафшону мушкбор омад.
То сабо з-он чаман парешон шуд,
Чун ман аз заъфи насим,
Дид чун андалеб заъфи насим,
Ба иёдат ба марғзор омад.
Гул сӯйи фохта ишорат кард,
Бин навое, ки вақти кор омад,.
Булбул аз шавқи гул чунон нолид,
Ки гул аз ваҷд ҷонсупор омад.
Ҳою ҳуе фитод дар гулзор,
Нолайи ошиқон зор омад.
Гул магар ҷивла мекунад дар боғ,
К-аз чаман нолайи ҳазор омад.
Дурифшон мекунад гули садбарг,
К-аш сабо дӯш дар канор омад.
Гул зарафшон агар кунад, чӣ аҷаб,
К-аз шамолаш басе ясор омад.
Гул зар афшонд, абр бар сари ӯ
Сад ҳазорон гуҳар нисор омад.
Ғунча аз банди зар нашуд озод,
З-он гирифтори захми хор омад.
Шох, к-аз ғунча дидае бардӯхт,
Мезанандаш, ки моядор омад.
Нест озодае магар савсан,
Ки на дар банди кору бор омад.
Лоларо дил бисӯхт бар наргис,
Ки насибаш зи май хумор омад.
Абр бигрист бар гул аз паи он-к7
Аз ҳаво ба рухаш ғубор омад.
Шуд зи ёри ҷудо бунафша магар,
Ки чунин вақт сӯгвор омад.
Ҷомаи сӯг бар бунафша бидид,
З-он магар лола дилфигор омад?
Хуш баҳорест, нек он касро
К-аш лаби ёр майгусор омад.
Ҳон Ироқӣ, туву насими баҳор,
К-аз сабо бӯйи зулфи ёр омад.