Тарбиятгар

Тарбиятгар дар хусуси тарбия шуд дар сухан,
Панд медод аз китоби панди худ бар марду зан,
Аз бузургон нукта меовард дар боби мисол,
Он чунон гуфти
ки гашташ кафк пайдо дар даҳан.
— Марҳамат. -гуфто дар охир, —
ҳар киро бошад савол,
Хатги хоҳад ё даҳони дода монад бемалол,
Бар ҷавоб омодаам чун аҳли таълиму адаб,
Ҳарфи посух гӯям аз таҷрибаву фазлу камол,
Даст боло карда як кас гуфт ногаҳ аз миён:
Гӯй, аз чи шуд сияҳ як неши пешониатон?
Тарбиятгарро малол омад агарчи -ин савол,
Лек гуфто ноилоҷ <<Аз мушти фарзандам-Амон>>

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед