Таърих ба пуштораи ман сарборӣ

Чун рӯд барои хеш раҳ бикшоям,
Чун роҳ ба пои раҳравон сар соям.
Чун дашт ба рӯи каф гузорам дили хеш,
Чун хок гуноҳи ҳамаро бахшоям.
Ҳар кӯҳ ба мисли ҳаӣкали подорест,
Куҳсори диёр ҳамчу ҳайкалзорест.
Ҳар санги навишта аст як лавҳи мазор,
Ҳар қулла ба ҳайкале чу подеворест.
Дар қасри ҳаёт санги бунёдам ман,
Як кӯдаки хушноми ҷаҳонзодам ман.
Таърих ба пуштораи ман сарборӣ,
Фарзанди тамоми одамизодам ман!
Машъал бишавед дар шаби зулмонӣ,
Сӯзед, ки олам бишавад нуронӣ.
Бар як худи хуршед гарон аст охир,
Бар олами беканор нурафшонӣ…
Ҳар гоҳ, ки дар роҳ қадам бишморӣ,
Мекӯш ба рӯи роҳ дил бигзорӣ.
Хушбахтии одамӣ на оби дарёст,
То кӯза ба сар равӣ, зи дарё орӣ.
Хоҳам ба ҳама роҳравон роҳи сафед,
Хоҳам ба ҳама шомравон субҳи умед.
Хоҳам, ки ҳама барои дунё бошанд
• Чун сабза миёнҷии замину хуршед.
Эй рӯд, лаби ту чун лаби ёр, эй рӯд,
Шодоб, вале ташнаи дидор, эй рӯд.
Он оби гузашта боз н-ояд, ки диҳад
Як бӯсаи обдори такрор, эй рӯд.
Оваҳ, чи шабе, шаби баҳорон имшаб,
Болои сарам ситоразорон имшаб.
Бар чеҳраи гул то нарасад озоре,
Нармак резад гулнами борон имшаб.
Варзоб хушу ҳавои Варзоб хуш аст,
Ҳар дил зи дили дигар хурад об, хуш аст.
Варзоб, ки ҳар гияҳ дар он варзад ишқ,
Бо бодаи нобу ёри ноёб хуш аст.
Имшаб чӣ шабе, шаби ҳинобандон аст,
Лабҳои ақиқи ӯ таҳи дандон аст.
Ҳайратзадаи таомули аҷдодӣ,
Гирён дилакаш, вале лабаш хандон аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед