ТАРОНАИ ЕРДАМЧИЁНИ ШАЛПАР
Пахтазорею дар он чун пахтачин афтодаем
Чида чун чинакчиёни «беҳтарин» афтодаем.
То ба ёрон ёрии шероыа бидҳем, омадем,
Дар талош аммо нигар, рӯбаҳ барин афтодаем.
Хирмане барпо кунем аз пахта гуфтему нашуд,
Қори саҳле хоыда ин, чун фолбин афтодаем.
Он қадар шалпар шудем андар даме, к-аз шалпарӣ
Пустак гашта, тунук рӯи замин афтодаем.
Вақти мо бо лақ-лақи бекора тозон бигзарад,
Дур аз фикри арақҳои ҷабин афтодаем.
Қӯраконро канда гаҳ санги фалохун мекунем,
Қад-қади ҷӯяк аз ин чун дар камин афтодаем.
Пилтаи як тоқӣ н-ояд пахтаи мо чидагӣ,
Худ ба худ дар аҳсану дар офарин афтодаем.
Қисмати моро бубин, аз шаҳр деҳот омадем,
Он саворонем, к-аз болои зин афтодаем.
Чошт дур асту равон аз пушти ишкам мешавем,
Дар назар ноёб монанди нигин афтодаем.
Аз даҳони хеш берун карда пас бӯи шароб,