ТАРОНАИ САБЗИНА

Наврӯзи шукуфой, эй ҷашни ниёишҳо,
Бар гӯшаи лабҳоям бахшой кушоишҳо.
Бошад, ки баоросо гӯям сухани сабзе,
Дилгарми навозишҳо, саргарми ситоишҳо.
Бо хомаи сабзи худ бинвис хати сабзам,
То номаи қисматро хонам ба сароишҳо.
Дар шоми хаёли ман моҳи нави обистан,
Об аз лаби таронат хоҳад ба гудоишҳо.
Мон, бо мани сабзина хуршед даровезад,
То сӯзи ниҳони ман ояд ба намоишҳо.
Зангӯла бизан борон, бар гӯши дилам инак,
То шодии ман рақсад ҳар сӯ ба гароишҳо.
Эй чеҳраи фарвардин дар чеҳраи ман гул кун,
То дастагули ёрон бошам ба ҳамоишҳо.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед