Зинда бош
Зинда бош, эй дил, ки бо ман созгорастӣ ҳанӯз,
Лолае андар миёни шӯразорастӣ ҳанӯз.
Гарчи сад захми паёпай хӯрдаӣ аз рӯзгор,
Марҳаме бар захмҳои рӯзгорастӣ ҳанӯз.
Пешмарги корзори умр будӣ солҳо,
Ҳамчунон омодаи сад корзорастӣ ҳанӯз.
Бас баҳоратро хазон кардӣ, ки бошӣ бехазон,
Аз хазон ҷӯёи ҳусни сабзи ёрастӣ ҳанӯз.
Ҳамчу сайёде, ки ояд захмхӯрда аз шикор,
Сар ба болин монда, дар ёди шикорастӣ ҳанӯз.
Шарҳи худро нависед