ТИЛЛОИ БУХОРО
Ба ёд орам чу тиллои Бухороро
дили тиллоиям сад пора мегардад;
сари тиллоиям гиҷ мешавад аз ғам;
вуҷуди хокиям бо хуни тиллодори ҷӯшонаш
ба хоки тира яксон мешавад як дам.
Агарчанде ки хӯрда бас сари сурхе зари сурхаш,
вале шодам,
ки боқӣ аз қатори борбаста аз тилои сурх,
зи тиллои парешон дар ҷаҳон
чун тухми тоҷикон,
зи тиллои ниҳон дар хок
ва ё дар гӯрҳо мадфун;
ва ё бо соҳибони аз ватан рафта
ватангумкардаву сарсон;
ва ё бо соҳибони аз забону асли худ мункир,
ки тилло буда асли мазҳабу имону миллатшон…
Барои тоҷикон як махзани тиллои сармад монд,
барои тоҷикон як ганҷи беҳамтои миллат монд,
ки Айнӣ буду осори киромандаш
ва миллатпарвариданҳову савгандаш,
ки садҳо сол тоҷикро
дар ин дунёи ҳоҷатманд
ғанӣ медораду дорову давлатманд!
31.1.1986