Тири англисӣ

Мевазад боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд онҳо.
Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам
Ин суруди қадими кӯҳистон:
“Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором
Мезанад доду мезанад фарёд.
Меравад худсарона,
лекнин ром
Ҳеҷ касро намешавад.
Ҳайҳот!
Кӯҳи хоро нигар, ки уштурвор
Бар сари ганҷҳо намуда хоб,
Ҳеҷ гоҳе намешавад бедор
Ӯ зи фарёди Панҷи заррин-об…”
* * *
Дурбинаш гирифта сарҳадчӣ
Менамояд нигаҳ ба ҳар сӯе,
Лек дар соҳили дигар сарбоз
Хоб кардаст бар сари ҷӯе.
Хоб кардаст, лек сарҳадчӣ
Нағз донад, ки душманаш бедор.
Ошкор аст аз барои ӯ,
Ки чу рӯбоҳ душманаш маккор…
* * *
– Мефуроем, – гуфт ҷӯраи ман, –
Ёд кардам пиёда гаштанро,
Ростӣ, ки пиёда раҳ гаштан
Кори бад нест дар чунин ҷоҳо.
Аспҳо низ хаста гардиданд,
Дам бигиранд агар каме, хуб аст.
Безабонанд варна мегуфтанд:
“Гар фуроед як даме, хуб аст”.
Ана, дидӣ, пиёда раҳ гаштан,
Аллакай рафтааст аз ёдат,
Як-ду рӯзи дигар агар бо ман
Меравӣ роҳ, мекунӣ одат.
Асп ёру рафиқи ҷанговар,
То тавонӣ нигоҳубинаш кун,
Гар ба ман намекунӣ бовар.
Мана пурс аз рафиқи ман Сурхун.
Гӯй, Сурхун, магар ягон боре
Ташнаат мондаам ва ё гушна?
Ё лаҷоми туро ягон боре
Дода будам ба дасти бегона?..
* * *
Ними шаб шуд вале намехуфтем,
Гирду атрофро нигаҳ карда,
Қад-қади рӯди Панҷ мерафтем,
Бе сухан, бе табассуму ханда…
Пешакӣ гуфта буд ҷӯраи ман,
Шаб, ки шуд, аз барои сарҳадчӣ
Гап задан, сахт-сахт ращ гаштан,
Бош ҳушёр, ҳеҷ мумкин не.
То саҳар аз махорка мо ночор
Бенасибем, илоҷи дигар нест.
Чунки оташ ҳамеша дар шаби тор
Фошбинмои сирри сарҳадчист…
* * *
– Ростиро агар зи ман пурсӣ,
Дар шаби моҳтоб раҳ гаштан
Дорад, эй дӯст, кайфи махсусе, –
Гуфт оҳистакак рафиқи ман, –
Бингар, охир, худат, бародарҷон,
Сояю равшанӣ – сиёҳу сафед
Бо раҳи кап-кабуди бепоён
Меравад роҳ хоҳари хуршед.

Як нигаҳ кун ба сӯи шаршараҳо,
Дар шаби моҳтоб рахшонанд.
Рӯз чун шир дар назар, аммо
Мисли оина дар шаби торанд.
Мана дар байни он алафзорон
Шабчаро – ҷонварон ба оромӣ
Мечаранд. Эҳтимол, аз паяшон
Дар камингаҳ нишаста сайёде.
Росташро агар зи ман пурсӣ,
Дӯст дорам шикор карданро,
Ҳардумон меравем рӯзе мо
Ба шикори палангу оҳуҳо…
Ҷӯраам амр дод ногаҳ!
– Ист!
Дор маҳкам лаҷоми аспатро.
Бӯи бегонаро намуда ҳис,
Тохт Оташ, ба ҷониби дарё.
* * *
Нисфи шаб…
Рӯди беқарори Панҷ
Мезанад доду мезанад фарёд…
Дилкушоянд деҳаҳои Ванҷ,
Мардум озоду хонаҳо обод…
Нури маҳ сарзамини кӯҳиро,
Мисли модар, гирифта дар оғӯш
Менамояд даруни об шино
Акси маҳ, мисли моҳие зарпӯш.
Хира гашта ситораву парвин,
Нури маҳ, ғолиб аст бар онон,
Панҷгӯша ситораи заррин
Бар сари посбони мо рахшон.
Посбони далери халқи мо
Медиҳад гӯш бо ғазаб, лекин
Мекунад арзи худ баён ӯро
Ашк резонда мардаке ғамгин:
– Бишнав, эй нури дида, арзамро
Ҳиндуям, ҳиндуи сияҳрӯзам.
Гашта ҷогир дар танам кайҳо
Тири сӯзони Ғарб. Месӯзам!
Солҳо боз гаштаам сарсон
Аз барои табобати дардам,
То биёбам ба дарди худ дармон,
Ҳар чӣ омад зи дасти ман, кардам.
Ба табибу ҳакиму пиру сайид
Борҳо арзи ҳоли худ кардам,
Лек суде надоду кар гардид –
Фалак аз оҳу доди пурдардам.
Аз Америкаи дуре омадаанд
Одамоне ба деҳаи мо,
Хештанро табиб меноманд…
Рафта будам ба наздашон, аммо –
Кӯҳна захмам нашуд саломат, низ
Захми нав гашт дар танам пайдо,
Пора карда дилам, хиёнат низ
Карда буданд дар ҳақам онҳо…
Ман шунидам, ки дар диёри шумо
Оқилони бузург бисёранд.
Аз барои табобати инсон
Меҳрубону ҳамеша тайёранд.
Беҳтарин одамони дунёед,
З-ин сабаб омадам ба назди шумо.
Лутф бинмуда дур бинмоед
Аз танам тири англисиро…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед