Тоҷикистон

Ту хуршеди ҷаҳонӣ, Тоҷикистон,
Азизу меҳрубонӣ, Тоҷикистон.

Ба обу хоки ту шукрона дорам,
Нигини ин ҷаҳонӣ, Тоҷикистон.

Ҳазорон чашмаҳову кӯҳу гулшан,
Чу зебо ахтаронӣ, Тоҷикистон.

Ҳаме хоҳам,ки бошам дар канорат,
Ҳамеша, ҷовидонӣ Точикистон.

Зи номат ифтихори ман фузун аст,
Худ як шеъри равонӣ, Тоҷикистон.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед