То ҷовидон равонаӣ, роҳат сафед бод

Ҳар қадар аз ту шудам дур, қаринам будӣ,
Гар ба афлок паридам, ту заминам будӣ.
Сар ба сад дар бизадам, як дари дил боз нашуд,
Боз ҳам дилбари маҳбубтаринам будӣ.
Мани бетоҷу нигин шиква накардам аз бахт,
То ту, эй тоҷи ҷаҳон, тоҷу нигинам будӣ.
Сар ба хуршед бисудам зи таманнои рухат,
Баски ту олитар аз чархи баринам будӣ.
Кеши зардуштию исломӣ ба гардат нарасанд,
То ту дар меҳру вафо мазҳабу динам будӣ.
1979
* ♦ * .
Зиндагӣ бо ранҷу меҳнатҳо гузашт,
Бо ҳазорон дарду ҳасратҳо гузашт.
Бахт мисли ахтаре дар чарх сӯхт,
Ишқ чун ҷанҷоли давлатҳо гузашт.
Бар сари мо то битобад офтоб,
Эй басо буҳтону туҳматҳо гузашт.
Мо ба асли хеш қоим мондаем,
Он ҳама рашку хусуматҳо гузашт.
Аз шикоят лаб ба кас накшудаем,
То фалак бар мо шикоятҳо гузашт.
Дил ба дарё, сар ба савдо доштем,
Баҳри миллат айбу иллатҳо гузашт.
То қиёматро набинад одамӣ,
Аз дили мо бас қиёматҳо гузашт.
1979
* * *
Эй он, ки бенишонаӣ, роҳат сафед бод!
Эй он, ки бефасонаӣ, роҳат сафед бод!
Эй он, ки дар канори ин дунёи беканор
Раҳҷӯи бекаронаӣ, роҳат сафед бод!
Эй он, ки дар ҷудоиву дуриву бекасӣ
Аз ҳеҷ кас ҷудо наӣ, роҳат сафед бод!
Эй он, ки дар харобаи уммедҳои хеш
Сар то ба по хазонаӣ, роҳат сафед бод!
Эй он, ки бо заифиву пириву мондагӣ
Пуршӯр чун ҷавонаӣ, роҳат сафед бод!
Эй он, ки шуҳратат ҳама дунё гирифту худ
Муҳтоҷи як таронаӣ, роҳат сафед бод!
Эй он, ки бо тамоми шикасту микасти раҳ
То ҷовидон равонаӣ, роҳат сафед бод!
1979

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед