То туро ҷустам

, замони комрониям гузашт,
То ғамат хурдам, умеди шодмониям гузашт.
Гуфта будам бо ту як дам зиндагӣ хуш бигзарад,
Дар талоши зиндагонӣ зиндагониям гузашт.
Хостам бахти ҷавон созам ҷавонии туро,
Дар таманнои ҷавоният ҷавониям гузашт.
Ҳуснат истеъдод буду шеъри манз-он кам набуд,
Ҳамзамон бо ҳусни рӯят ҳамзамониям гузашт.
Ҷони ман як вақт нақди рӯи дастони ту буд,
Қадри ман нашнохтиву ҷонфишониям гузашт.
То баландии ғурурат хоксориям надид,
Достони ошиқии достониям гузашт.
Дар замину осмон чун ман нахоҳӣ ёфт, ҳайф,
Дар замин уммедҳои осмониям гузашт…
Агар зи хок омадам, ба хок боз меравам,
Вале ба сарнагуниям чи сарфароз меравам.
Чи бениёз мешавад зи ман замини безабон,
Зи нозҳои гулрухон чу бениёз меравам.
Зи розҳои зиндагӣ яке нуҳуфта мешавад,
Ба зери хок чун ниҳон чу дурҷи роз меравам.
Забона мезанад басе тарона аз сағонаам,
Чу дар дили замини тар таронасоз меравам.
Агар тарози ин замин набудаам ба ҳастиям,
Ба нестии хештан бад-ӯ тароз меравам.
Зи ишқҳои кӯтаҳам набудаам забондароз,
Зи шеърҳои кӯтаҳам забондароз меравам.
Месӯхтам зи ишқи ту, сӯзам асар надошт,
Мемурдам аз нигоҳи ту, чашмат назар надошт.
Мехостам дили туро донам чу рози ғайб,
Мекостам зи дарди ту, ҳуснат хабар надошт.
Роҳи туро гирифта буд тӯфони ашки ман,
Аммо ғурурат аз раҳи тӯфон гузар надошт.
Аз сар гузашта будаму аз дил, ки дил ниҳӣ,
Аммо дилат ғами маро ҳаргиз ба сар надошт.
Уммеди субҳ эй басо шомам ба субҳ бурд,
Аммо умеди ишқи ту нури саҳар надошт.
Мерафтам аз паи туву аз ман асар набуд,
Медоштам вафои ту, аммо самар надошт.
Ман беназир мешудам дар шеъру шоирӣ,
Гар ҳусни беназири ту аз ман ҳазар надошт.
Чашми ту як ситораи тобони ишқ буд,
Дониста буд, ки ошиқи лоиқ дигар надошт…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед