То умеди ишқ аз туст
Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мцкунй,
Ҷомро бишкаста, соқиро маломат мекунй.
Бас дуиҳо дидаам дар табъи пасту дуни ту,
Худ разолаткору уммеди адолат мекунӣ.
Аз хатои дигарон то осмон даф мезанӣ,
Худ хатоандешу андози башорат мекуни.
Дар ниҳодат нест номе аз каломи гарму нарм,
Худ дуруштоҳангу оҳанги назокат мекунӣ.
Остинро ҷанг меандозй бо дастони дӯст,
Бо ҳамоқатҳот изҳори рафоқат мекунй
Дар дуконат нест чизе сохта аз дасти ту,
Куҳнадӯзӣ, лек даъвои асолат мекуни.
Маншаи ҳайвонӣ андар туст, дар худ вонигар,
То куҷо аз одаму ■■лам шикоят мекунй?
♦ ♦ ♦
То умеди ишқ аз туст, ошиқи ҷавонам ман,
То туӣ замини дил. бурҷи осмонам ман.
Бе ҳузури дидорат дар ҷаҳон ҳузурам нест,
То туй ҷаҳони ман, ошиқи ҷаҳонам ман.
Дар сиришти ишқи ман заррае дурангӣ нест,
То ту ҳам чунин бошӣ, дон ки ҳамчунонам ман.
То лабат шакар дорад, шеъри ман асар дорад,
То туй ба коми дил, марди комронам ман.
То тамоми сарсабзим аз баҳори сабзи туст.
Эй нигори сабзина, бо ту бехазонам ман.
Шоири замон будан мушкилест сахт, аммо
Дар ситоиши ҳуснат шоири замонам ман.
1985