ТОҶИК АСТАМ
Тоҷик астам,
Тоҷик астам,
Рези санги кӯҳсорам,
Бо замини камзаминам
Ноз дорам ,
Фахр дорам.
Тоҷик атсам,
Тоҷдорам,
Тоҷи манн кӯҳи баланд аст,
Теғаи гардункулоҳаш
Теғаҳи рӯҳи баланд аст.
Қад кашам сӯйи кавокиб
Чун ситеғи кӯҳи саркаш,
Бо сари пур аз хаёле,
Бо дили дарёи оташ.
Тоҷик астам,
Мепарастам
Лаҳни ширини дариям,
Саҷда орам чун ба модар
Сӯйи лафзи модариям.
Тоҷик атсам,ъ
Пеши дунон
Хам сари худро наёрам,
Нангу номуси ниёгон
Дар ниҳоди пеш дорам
Муаллиф: Убайд Раҷаб
Шарҳи худро нависед