ТОҶИК МАН

Тоҷдорам, тоҷдорам, тоҷикам,
Аз ниёгон ёдгорам, тоҷикам.
Чун Зарафшонам, чу фарҳангам равон,
То бухор раҳсипор, тоҷикам.
Медурахшад шамъи дониш то абад
Дар замири нурборам, тоҷикам.
Бӯи шеъри Рӯдакӣ дар ҳарфи ман,
Бошад ин аҷу барорам, тоҷикам,
Дардмандонро шифо бинмудаам,
Ибни Сино ифтихорам тоҷикам.
Фахр месозам ба номи миллат,
Оли Сомонро таборам, тоҷикам

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед