ТОҶИКИ ТОҶДОР
Эй, ки гуфтӣ, ки миллати моро,
Дар замони гузашта аҳли Шарқ
Мардуми тоҷдор номидаст,
З-ин сабаб тоҷик аст номи халқ.
Ин ҳақиқат, ки Рӯдакӣ, Сино…
Ҳар яке тоҷи халқу кишвар буд.
Лек ҳайҳот! Илму дониш не,
Ҷаҳҳл дар он замона сарвар буд.
Тоҷики тоҷдор агар ҷӯӣ
Он ман астам, ки шоду озодам,
Подшоҳам ба қисматам имрӯз,
Тахту тоҷам диёри ободам.
Шарҳи худро нависед