Ту бо ин хилқати фарзонаи ман

Ман аз имои дастони ту мастам,
Зи атри сунбулистони ту мастам.
Чу модарзода чашмони ту мастанд,
Ман аз чашмони мастони зу мастам.
Ба ёдат, эй бути гарданфарозам.
Шабу рӯзи худо дил мегудозам.
Расидан х,еҷ натвонист, афсӯс,
Ба мӯи кӯтаҳат дасти дарозам.
Ҷавонии туро нозад дили ман,
Маро баҳри ту барбозад дили ман.
Ниҳоли қоматат бинам гулафшон,
Ҷавонии нав оғозад дили ман
Яқин, бесозу баргам мекунй ту,
Ба кӯи дард таркам мекунӣ ту.
Зи ашки лалмият дарёфтам ман,
Ки охир ташнамаргам мекунй ту.
Шабу рӯзу шабу рузу шабу рӯз
Диламро мехурад андӯҳи ҷонсӯз —
Диламро мехурад дарде, ки рӯзе
Туро нодида мемирам. дилафрӯз!
Ба суи лаб чу соғар мебарй ту,
Ҷаҳон ояд чу дилбар дар бари ту.
Бишӯяд тоза як ғамро, валекин
Ҳазорон ғам физояд, бар сари ту.
Агар парвардаи Боми ҷаҳонӣ,
Хаёлат, ёфтӣ номи ҷаҳонӣ?
Агар дар оташи хуршед пухтй,
Маранҷ аз ман. ҳамон хоми ҷаҳонӣ.
Хушо ишқу маю ахду шабобат,
Гули рӯеву гулбонги рубобат.
Сари ин нукта боре сар фурӯ кун:
Шароб охир барад сӯи саробат.
Ту яктою дилам як рӯй дорад,
Туро бинад, дили ман тӯй дорад.
Марав аз гулшани ишқи дили ман,
Ки гул дар буттаи худ бӯй дорад.
Раво гар нораво мешуд, чӣ мешуд?
Шаҳаншаҳ гар гадо мешуд, чӣ мешуд?
Агар ҳар аблаҳе мегуфт аналҳақ,
Ҷаҳон пур аз худо мешуд, чӣ мешуд?
Агар хеши манӣ ё хеши дарё,
Агар ёдам кунй, рав пеши дарё.
Гар аз дарвешии ман шиква дорй,
Бубар он шиква бар дарвеши дарё.
Ҷаҳон ошуфтаю ошуфтаам ман,
Шукуфта дар назар, нашкуфтаам ман.
Ҷаҳон бас қиссаи ногуфта дорад,
Яке з-он қиссаи ногуфтаам ман.
Биё дар паҳлуям паҳлу зан, эй ёр,
Хумор андар хуморам бишкан, эй ёр.
Ғами ишқат ба рӯям соя афканд,
Куҷоӣ, эй умеди равшан, эй ёр?
Агар афсонаӣ, афсонагӣ кун,
Агар паймонаӣ. паймонагӣ кун.
Ту бо ин хилқати фарзонаи ман
Агар фарзонаӣ, фарзонагӣ кун.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед