Туҳфа ба модар

Модарам, дар рӯзи идат ман чиро савғо кунам?
Меҳри пинҳони диламро ман чӣ сон ифшо кунам?
Гар матос туҳфа бинмоям, шавад он бенишон,
Дастаи гул ҳадя созам, тез мегардад хазон.
Пас, чиро дар рӯзи идат туҳфа бинмоям, ки он
Монад аз ман баҳри ту чун ёдгорӣ ҷовидон?
Модарам, туҳфа бар ту мекунам ашьори худ.
То ки бошад ҷовидону ҷовидон бошад суруд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед