Ту хурдӣ бас ғамони дигаронро
Агар як шаб ба болинат биболам,
Зи шӯриҳои аъмолам нанолам.
Зи рӯи гандумат дар суфраи умр
Агар гирам завола, безаволам.
Худоё, бандагонат хомкешанд,
Туӣ моя, ҳама сармояхешанд.
Мусулмонӣ агар бо риш бошад,
Мусулмонони мо пур хомришанд.
Ба сад ҳомун яке Маҷнун нагунҷад,
Ба сад қолаб яке мазмун нагунҷад.
Намедонанд ин ду қатра сарвар,
Ки уқёнус дар қонун нагунчад
Агар фарҳанги рише реша ронад,
Фурӯғи илму фарҳанге намонад,
Гар ин сангиндилию сангрӯист
Зи сангистони мо санге намонад.
Дилам бигрифт аз вахшури дунё,
Ки бино шуд ғуломи кӯри дунё.
Басо кандаст дунё гӯри моро,
Канем оё ману ту гӯри дунё?
Хушам аз чораи ночории хеш.
Хушам аз бораи бебории хеш.
Чу бадбахтии дороён бидидам,
Тафохур кардам аз нодории хеш.
Камон дар дӯш омад, ҷумларо бурд,
Камон дар даст омад, ҷумларо хурд.
Даҳон пур, киса пур, як рӯз дидам,
Зи тири дигаре аз саг батар мурд.
Дило, донӣ магар бо ту чӣ карданд?
Шикастанду фишурданду фасурданд.
Ту хурдӣ бас ғамони дигаронро,
Ғаматро дигарон боре нахурданд.
Сарат гардам, биё андар бари дил,
Биё, ҳар ду бигардем аз сари дил.
Ки аз ин оташи ишқи ману ту
Намемонад ба ҷуз хокистари дил.
Ба ҳар полезу мазраъ хӯсае ҳаст,
Миёни мардҳо бас кӯсае ҳаст.
Шигифто, хӯсаю кӯса чӣ донанд,
Ки дар дунё шарори бӯсае ҳаст.
Замини меҳри мо рӯе надорад,
Гули уммеди мо бӯе надорад.
Ба сӯи ҳамдигар бар хотири ҳеҷ
Такопӯҳои мо сӯе надорад.
Ало миллат, ту аз якдонагонӣ,
Ту аз озодагон, фарзонагонӣ,
Вале бисёр дур афтодӣ аз худ,
Нигини хотами бегонагонӣ.
Чӣ гӯям, рози дил нашнида рафтӣ,
Ба дарди ишқ нопечида рафтӣ.
Тамоми рӯи дунёро бидидӣ,
Сафои рӯи дил нодида рафтӣ
Бидонӣ то ки қадри кудрати хеш,
Бидон аввал тавони фитрати хеш.
Барои ҳурмати ман гар нахоҳӣ,
Зи ҷо бархез бахпи ҳурмати хеш.