ТУ МАРО, ЭЙ ДИЛ…
Ту маро, эй дил, чӣ савдое ба сар овардаӣ,
Бо туям ҳамдостонӣ сах меояд гарон.
Лаҳзае хоҳам, ки бошам бе дилу бе дарди дил,
То шавам озод аз савдои хешу дигарон.
Баччаҳои ман, ки хоб астанд, то ҳангоми хоб
Нашнавам ман гиряҳои кӯдаки хамсояро.
Киштаҳоям, к-офтобиянду дар нашъунумӯ,
Ман набинам рӯйи зарди сабзаҳои сояро.
Тирамоҳон чун бирезад обҳои сарди хеш
Бар сари дору дарахт аз новадони осмон,
То нагӯям бо ғаму ҳасрат даруни хонаам:
«Чун бувад аҳволи мурғон зери борони ҳазон?»
Гар ба зери буттае оташ фитад, сӯзад варо,
Хонаеро сел шӯяд, аз чӣ гардӣ беқарор.
Чун кунам, то ту насӯзӣ дар таҳи ҳар буттае,
Чун кунам, то ту набошӣ дар раҳи ҳар селбор.
Гар шавад бо сол камтар тундии эҳсоси ту,
Пас, чаро ҳар дам шавӣ ғамхортар, пурбортар.
Чун кунам ман бо туи ғамхорае, бечорае,
Балки меросам туӣ ё аз падар, ё аз ҳунар?!