TУ МАРО МЕШУНАВӢ?

Ту маро мешунавӣ?
Саҳар ойӣ сари сарчашма ба об,
Нигарӣ ҳалқарави мавҷи маҳин,
Шунавӣ гӯшакии обу алаф,
Даме эҳсос кунӣ набзи замин,
Дир миёни ҳама ин мӯъҷизаи арзу само
Ту маро мешунавӣ?

Тавсане сум бизанад бар сари санг,
Кабки маст аз камари кӯҳ бихонад қаҳ-қаҳ,
Селаи мурғ фурояд аз кӯҳ,
Рама бар домани куҳ гирад раҳ,
Дар миёни ҳама ин савту садо
Ту маро мешунавӣ?

Пунбаи абр ба гӯши дара аст,
Лачаки лола сари синаи тал.
Ҷониби пушта равад духтараке,
Ки бувад ошиқаш он ҷо маътал.
Зимни ин манзараи ишқу умед,
То маро мешунавӣ?

Ҷони ман,
Ман туро мешунавам шому саҳар
Аз нафасҳои таболудаи ошиқ бари ёр,
Аз тапишҳои гулу шохаву барг
Дар раҳи боди баҳор.
Рӯз аз хандаи хуршеду ба умқи шабҳо
Ман зи чашмакзании кавкабҳо,
Зи садоҳои замину зи навоҳои само,
Аз куҷо то ба куҷо
Ман туро мешунавам, мебинам,
Гул ба ёди рухи ту мечинам.
То зи ҳар барги гуле бӯса занам рӯйи туро,
Ғарқ дар кӯли ду чашми ту шавам.
Сари гесӯйи ту гирам сари даст,
Бо сари масти худ аз хеш равам.
Бубарам ҷумла ҷаҳонро
аз ёд,
ба лабам номи ту созам фарёд:
Ҷони ширин,
ту биё,
Боз ҷойи ҳама гулҳои чаман
Ту биханд.
Ҷойи мурғони хушилҳон
ба барии боғи ҷавон
Ту бихон.
Биравад кабки рав аз домани кӯҳ,
Лек дар домани дил
Ту бимон.

Аз миёни ҳама хандонлабу
хушхону
равон
Ту биханду
ту бихону
ту бимон!

Ман дигар ҳеҷ нахоҳам зи ҷаҳон,
Ту маро боз бихоҳ.
Гар шавад ҳар ду ҷаҳон ҳам охир,
Ту вале ишқи маро
Аз нав оғоз бихоҳ!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед