Туӣ раҳбони роҳи дури ошиқ
Ситамгарро Сикандар кардаӣ ту,
Музахрафро музаффар кардай ту.
Валекин бузрукони нобиғатро
Гадоёни паси дар кардаӣ ту.
Касе соҳибдилу софизамир аст,
Ҷаҳида аз ҷаҳони доругир аст.
Чу «Девони Кабир» ояд ба дастат,
Манеҳ аз даст, кайҳони кабир аст.
Замон бо кас набуда ҳеҷ содиқ,
Замон бо кас бувад ёри мунофиқ.
Ало, эй қарни бисту як, аҷаб нест,
Ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ.
Кунун аҳди сарафрозӣ расида
Кунун айёми ҷонбозӣ расида.
Замони дӯстинозӣ гузашта,
Замони дӯстисозӣ расида.
Яке аҳли дияу аҳли ҷунун аст,
Яке аҳли назар, аҳли фунун аст.
Забони шеър мебошад ҳақиқат,
Забони шоирон гарчи фузун аст.
Бий, бо ҳам дамс танҳо бимонем,
Ки кадри будани худро бидонем.
Гу худ шеъриву аз ман шеър хоҳи.
Бий, шетри туро зввал бнхонем.
Ьиё, ин лаҳза нотдкрору зебост
Насиби мо зи бахшишҳои болост.
Чй ҷои бо фалак дасту гирсбон,
Биё, дастобагардан будан авлост.
Биё, рақси равонӣ кун, гули ман,
Бинои «Хусравонӣ» кун, гули ман.
Дилам хун гашта дар ёди ҷавонӣ,
Биё, рақси ҷавонӣ кун, гули ман.
Биё, ҳусни ҷавонат кам нагаштаст,
Хумори мижжагонат кам нагаштаст.
Шакарранҷе миёни мо агар буд,
Шакарханди лабонат кам нагаштаст.
Чӣ хусни толеъу фархундафолӣ,
Ки аз дур омадӣ бо дилкашолӣ.
Дилам аз шеър холӣ буд, холӣ,
Зи боло омадӣ, эй шеъри олӣ!
Туро бас дер ҷустам, вой бар ман,
Ғамонатро нашустам, вой бар ман.
Ба ёдат ними умрам рафт бар бод,
Гираҳ бар бод бастам, вой бар ман.
Туро ранҷондаму ранҷам фузун шуд,
Умеду орзуям сарнагун шуд.
Ман аз дарёдилии худ бинолам,
Ки дарёи дилам дарёи хун шуд.
Ало, эй ишқ, эй ганҷури ошиқ,
Туӣ раҳбони роҳи дури ошиқ.
Ман аз он ишқ безорам, ки рӯзе
Висоли ёр бошад гӯри ошиқ.
Куҷоӣ, ошиқи бегонаи ман,
Фаромуш кардй роҳи хонаи ман.
Агар сад сол ҳам ҷӯӣ ҳақиқат,
Н^меарзад ба як афсонаи ман.