Ту умри шоиронаи дили манӣ

Ту хуштарин таронаи дили манӣ,
Ту умри шоиронаи дили манӣ.
Туӣ, ки барқ мезанад ҷавониям,
Ту нури ошёнаи дили манӣ.
Туӣ, ки ғарқи гул шудам дар ошиқӣ,
Ту боғи пурҷавонаи дили манӣ.
Туӣ, ки зери осмон ситодаам,
Ту шаҳсутуни хонаи дили манӣ.
Туӣ, ки ноз мекунам ба зиндагӣ,
Туӣ, ки ноздонаи дили манӣ.
Туӣ, ки дар заминаи замонаам,
Заминаи замонаи дили манӣ.
Туӣ, ки шеър метаровад аз дилам,
Ягонаӣ, ягонаи дили манӣ.
Умеди ҷовидониям агарчи нест,
Умеди ҷовидонаи дили манӣ.
Фасонаҳои ишки ман тамом шуд.
Ту охирин фасонаи дили манӣ.
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед