Ту вақти ҳар ғурубе меравй чун офтоб ман
Туро ҳар рӯз мебинам, ба коми дил намебинам.
Ба чандин орзуят дар мақоми дил намебинам
Ту вақти ҳар ғурубе меравй чун офтоб ман,
Вале чун ахтари шомат ба шоми дил намебинам.
Саломам мсдиҳй ҳар рӯз мисли ошноруе,
Вале боре саломатро саломи дил намебинам.
Сухан аз боду борон гӯиву вазъи ҳавою об,
Ман аз вазъи каломи ту каломи дил намсбинам
Гаҳе гӯӣ, ки шеъру номи ман вирди забони туст,
Раво бошад, чаро ман дар ту номи дил намебинам?
Ту аз он пухтагонӣ, гар зи савдоят бисӯзад ҷон.
Умеди пухтани савдои хоми дил намебинам.
Агар чун заррае дар маснади ҳурмат нишинад дил.
Ман аз ту заррае ҳам зҳтироми дил намебинам.
Ба ёди ту ҳазорон чомро кардам тихй. аммо
Туро аз меҳри ман саршор ҷоми дил намебинам
1985
Шарҳи худро нависед