Ту…
Лаҳзаи видоъ шуд ҷону ҷаҳонам алвидоъ
Меравам аз назди ту ороми ҷонам алвидоъ
Бо ту бигзашт лаҳзаҳои беҳтарини умри ман
Мешавам бе ту ҷигархун ширинзабонам алвидоъ
Агар дар назди ту хурсанд намудам
Вале дуртар зи ту ман дар фиғонам алвидоъ
Мисли моҳ шаб омадам наздат ки бинам руи ту
Субҳ шуд бояд равам эй осумонам алвидоъ
Ман гуле дар боғатам ту бошӣ ҳастӣ ҷуи об
Умри ман охир хазон шуд оби равонам алвидоъ
Бо будан андар канорат доштам умеди зиндагӣ
Бе ҷамоли нозанинат зинда намонам алвидоъ
Дидани руят нигор буд доимо кори Ҳабиб
Бе ту ман чи кор кунам эй вой надонам алвидоъ
Шарҳи худро нависед