ТУРО МО ЁД КАРДЕМ
Тути балххи рӯйи раҳ пӯхт,
Зарбандан дашту даман шуд,
Ранги худ олу бадал карб,
Сурх ҳамчун бадани ман шуд.
Гандуму ҷав шд тилой,
Пуштаву тал шуд зарандунд,
Кӯҳдоман ранг бигрифт,
Ҷой барои шабдараф шуд.
Обаке чак-чвк чакон аст,
Мисли ашқи ях равон аст,
Чӯҷаи кабк аз сари санг
Аз пайи модар парон аст.
Кӯч аз дашту даман баст
Чорпо сӯйи қӯҳистон,
Боз шавқи кӯҳгардӣ
Мекашад аз думи домон…
Бе ту мо дилгир будем,
Эй тамуз, эй фасли гармо,
Бӯса бар лабҳои як зан,
Гармие деҳ ҷойи моро.
Дер кардӣ ёд кардем
Мо туро бисёр,бисёр,
Фикри мо карди ту боре,
Фасли гарми мӯлки кӯҳистон?
Муаллиф: Убайд Раҷаб
Шарҳи худро нависед