Туро пайдо кунам, эй кош, то пайдо кунам дилро!

Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем,
Дар оғӯши ҷаҳон дар ҳасрати оғӯш мегардем.
Агар исён кунем, офоқ метаркад ба рӯи мо,
Даруни сина тӯфонҳову худ хомӯш мегардем.
Надониста басе рашки сару сомони мо доранд,
Даруни дил хазонрез асту худ гулпӯш мегардем.
Гаҳе беҳушу гоҳе бесарупо будаем, аммо
Зи сар то нохуни по чашму гӯшу ҳуш мегардем.
Ба чашми оқилон — оқил, ба чашми ҷоҳилон — ҷоҳил,
Ба чашми хеш ҳамчун чашмаи пурҷӯш мегардем.
1978
♦ ♦ ♦
Чунонат ёд меорам, ки раҳгумкарда манзилро,
Чунонат дӯст медорам, ки дарёбурда соҳилро.
Чунонат рағбате дорам, ки хушкистон ба бороне,
Чунонат рӯзу шаб ҷӯям, ки Сино ҳалли мушкилро.
Чунон роҳи ту мепоям, ки роҳи бахт мепоянд,
Чунон хайри ту мехоҳам, ки деҳқон кишту ҳосилро.
Чунон васли ту мехоҳам, ки пире навҷавониро,
Чунонат орзумандам, ки ҳар кас бахти комилро.
Чи талхиҳо чашидам ман зи ҷоми рӯзгори хеш,
Бубинам то ба коми дил туи шириншамоилро.
Диламро бесадо бурдӣ, намедонам куҷо бурдӣ,
Туро пайдо кунам, эй кош, то пайдо кунам дилро!
1978

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед