ТУТЗОРИ АЗИМ
Самои Сорбоғ аз бедимоғӣ
Сарашро монда буд андар сари кӯҳ.
Агар бори само бар дӯши куҳ буд,
Ба дӯши мардумаш буд бори андӯҳ.
Садои асри нав меомад аз дур,
Валекин хоби кӯҳистон гарон буд.
Ба гӯши дарраҳояш пунбаи абр,
Ба гӯши халқи он бонги азон буд.
Дар ин деҳ лоғару танҳову бекас
Ҷавонмарде, Азими бенаво буд.
Зи бас савдои дунёе набудаш,
Ба чашми халқ савдоинамо буд.
Зи домони дара бар домани кӯҳ
Ба пушташ мекашонид об дар машк.
Ту гӯйӣ, оби машкаш ашки ӯ буд,
Вале сарчашмаи оби ҷигар хушк.
Ба ҷӯйи ҷони ӯ намро надидӣ,
Тане хушку диле зору рухе зард.
Ниҳоли тутро парванда дар санг,
Дарахти ҷони худро сабз мекард.
Хумори ишқу савдо мегирифташ,
Ниҳоли сабзро оғӯш мекард.
Даме аз ларзаҳои шохаву барг
Тапиданҳои дилро гӯш мекард.
Муқимӣ буд ё омад, чӣ фарқест,
Магар аз гӯшт нохун метавон канд,
Ки дар хоки ғарибӣ хешро кард
Ба мисли тутҳояш решапайванд.
Набуд ному насабҳои баландаш,
Вале номаш ба беномӣ нашуд гум.
Аз ӯ дар домани кӯҳи баланде
Бувад мерос боғе баҳри мардум.
Дили шӯридаро обу адо кард,
Ки охир сорбоғашро кунад боғ,
Вай инро чун дуо такрор мекард:
Зи неке боғ монад, аз баде доғ.
Ба он бегона ҳасрат мебарам ман,
Зиҳӣ ин сон ғарибӣ, эй ватандор!
«Вафо аз одами девона хезад»,
Зиҳӣ девонагӣ, эй марди ҳушёр!
* * *
Ҳар саҳар хуршеди дунёдидаи деринарӯз
Ҳамчу навдомоди ҳаждаҳсола механдад ба ман,
Гӯиё гӯяд, зи ман омӯз ҳар субҳе ту ҳам
Тозатар гаштан зи хешу тозатар афрӯхтан.
Мерасад чун ҳар дарахте аз зимистон бар баҳор,
Ҳамчу духтар бишкуфад аз бӯсаҳои офтоб.
Дар танаш нақши мудаввар мениҳад ҳар соли умр
Метавонӣ кард аз он ту соли умрашро ҳисоб.
Решаи имрӯзи ман рафтаст дар хоки куҳан,
Лек аз ин пайвастагӣ фардо чӣ ояд ҳосилам.
Чун баҳору тирамоҳон аз сари ман бигзаранд,
Монда нақши хешро ё дар гилам, ё дар дилам.
Бингарам бар рӯзгорону наёбам, к-ин замон
То куҷо дирӯзиву имрӯзиву фардоиям.
Пойбасти хонаи ман дар Авасто маҳкам аст,
Дар миёни асри бист онҷоиям, инҷоиям?
Бо навову нағмаи ҷаз, бо ҳавои эстрад
Менамоям дар кафею рестаранҳо ҷастуҳез,
Лек дар қаръи дилам савту навои «Шашмақом»
Ҳамчу рӯди ҷорӣ аз зери замин ҷорист низ.
Духтари ҷинспӯши зулф болои ҷабин
Чун камар бо ноз ҷунбонанд, дил шайдо шавад.
Лаҳзае пӯшам ду чашми хешро, пеши назар
Ёсаминбарге зи шеъри Рӯдакӣ пайдо шавад.
Ҳар гаҳе бо дӯстон ҷоми мае гирам ба шавқ
Гӯиё ҳамрози Ҷамшедам, ба дастам Ҷоми Ҷам.
Чун ба ин давлат тавонам бандаи ёре шавам,
Бандагиҳои ман аз шоҳаншаҳӣ ҳам нест кам.
* * *
Гар фитад сояи замин бар моҳ,
Лаҳзае моҳтоб месӯзад.
Сояи маҳ ба офтоб афтад,
Чеҳраи офтоб месӯзад.
Гар бимонад ниҳол дар соя,
Заъфаронӣ шавад, самар накунад.
Гули садбарг мешавад якмарг,
Офтобаш агар назар накунад.
Зери хуршед сояе доранд
Ҳама чизе ба хоку дар афлок.
Як худи офтоб бесоя-ст,
Манбаи бефанои шӯълаи пок.
Чун ба хуршеду моҳ андешам,
Кори маҳ дар тааҷубам созад,
Шӯъла аз офтоб бигрифта ,
Соя бар офтоб андозад.