УҚОБ

Дар осмон пар мезанад,
Бар осмон  сар  мезанад.
Аммо ду чашми тезбин
Бо меҳр дӯзад  бар замин.

Хоҳад,  ки бинад  хубтар
Рӯйи диёри гулбасар,
Сер аз таёмошояш шавад,
Аз теға болотар   равад.

Савти хуше аз осмон
Бар гӯш ояд ҳар замон:
Ҷое дар ин дайри куҳан
Беҳтар набошад аз Ватан,

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед