УЛАНГИ ДАНГ МОШОБА

Мудир омад аз бозор

Бар «Волга»-и нав савор.

Аз паи дафъи хумор,

Уланги данг мошоба.

 

Таги чанор ҷои ӯ,

Ба кор ӯро хушаш не,

Гап мезанад, хушаш не,

Уланги данг мошоба.

 

Дар фермаи Мастибек,

Гови зоти скелет.

Меларзад чун барги бед,

Уланги данг мошоба.

 

Рӯи ҳавлӣ ҳавзи об,

Аз модагови хароб.

Мудири мо шуд қимоб.

Уланги данг мошоба.

 

Кунҷораро беташвиш,

Ба червонҷон кард алиш,

Ба говон диҳад қамиш,

Уланги данг мошоба.

 

Мудирамон зад хоба,

Кораш гардид калоба,

Мехонад хезад аз хоб:

«Уланги данг мошоба».

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед