Умари Хайём — Рубоиёт 4

173
Аз ранч кашидаи одами хур гардад,
Қатра чу қадаш ҳабси садаф, дур гардад.
Гар мол намонд, сар бимонод ба чой,
Паймона чу шуд тиҳи, дигар пур гардад.
174
Аз воқеае туро хабар хоҳам кард,
В-онро бо ду ҳарф мухтасар хоҳам кард.
Бо ишқи ту дар хок фуру хоҳам шуд,
Бо меҳри ту сар зи хок бар хоҳам шуд.

175
Афсусу, ки номаи чавони тай шуд,
В-он тоза баҳори зиндагони дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи у буд шабоб,
Афсус, надонам, ки кай омад, кай шуд.
176
Афсус, ки сармоя зи каф берун шуд.
В-аз дасти ачал басе чигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он чаҳон, ки орад хабаре,
З-аҳволи мусофирон бигуяд чун шуд?.
177
Акнун, ки зи хушдили ба чуз ном намонд,
Як ҳамдами пухта чуз маи хом намонд.
Дасти тараб азсоғари ман бозмагир,
Имруз, ки дар даст ба чуз чом намонд.
178
Имшаб паи ратли якмани хоҳам кард,
Худро ба ду чоми май ғани хоҳам кард.
Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод,
Пас духтари разро ба зани хоҳам кард.
179
Эй дил, маталаб висоли маълуле чанд,
Машғул машав ба ишқи машғуле чанд.
Перомуни остони дарвешон гард,
Бошад, ки шави қабули мақбуле чанд.
180
Ин чарх чу осие, ки осуда нашуд,
Осуда нагашту осие суда нашуд.
Чандон, ки замона дона паймуд дар у,
У сер нагашту осие туда нашуд.
181
Ин чамъи акобир, ки маносиб доранд,
Аз ғуссаву ғам зи чони худ безоранд.
В-он кас, ки асири ҳирс чун эшон нест,
Ин турфа, ки одамиш менашморанд.
182
Ин ақл, ки дар роҳи саодат пуяд,
Рузе сад бор худ туро мегуяд:
«Дарёб ту ин якдама вақтат, ки най,
Он тарра, ки бидраванду дигар руяд».
183
Ин кофила бин, ки аз адам меоянд,
Дар дарди вучуд бар қадам меоянд.
Моно, ки зи ҳоли мо надоранд хабар,
Ин навсафарон, ки дам ба дам меоянд.
184
Эй бас, ки набошему чаҳон хоҳад буд,
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.
З-ин пеш набудему набуд ҳеч халал,
З-ин пас чу набошем, ҳамон хоҳем буд.

185
Ин қофилаи умр ачаб мегузорад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқи, ғами фардон қиёмат чи хури?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.
186
Ин коса, ки бас накуш пардохтаанд,
Бишкаставу дар раҳгузар андохтаанд.
Зинҳор бар у қадам ба хори наниҳи,
К-ин коса зи косаҳои сар сохтаанд.
187
Ин чархи фалак басе чу мо кишту дуруд,
Ғам хурдани беҳуда намедорад суд.
Пур кун қадаҳеву бар кафан барнеҳ зуд,
То бозхурам, ки буданиҳо ҳама буд.
188
Ин кузагарон, ки даст бар гил доранд,
Гар ақлу хирад нек бар у бигморанд.
Ҳаргиз назананд мушту силиву лагад,
Хоки падарон аст, наку медоранд.

189
Эй ҳамнафасон зи май маро кут кунед,
В-ин чеҳраи қаҳрабо чун ёкут кунед.
Чун даргузарам, зи бода шуед маро,
В-аз чуби разам тахтаи тобут кунед.

Муаллиф: >

Шарҳи худро нависед