Умари Хайём — Рубоиёт-1

Дунё на мақоместу на чои чишаст,
Фарзона дар у хароб авлотару маст,
Бар оташи ғам зи бода обе мезан,
З-он пеш, ки дар хок рави бод ба даст.

89
Давре, ки дар у омадану рафтани мост,
Онро на бидоят на ниҳоят пайдост,
Касс ҳеч нагуфта андар ин маъни рост,
К-ин омадан аз кучову рафтан ба кучо.

90
Даврони чаҳон бе маю соқи ҳеч аст,
Бе замзамаи нойи ироқи ҳеч аст.
Ҳарчанд дар аҳволи чаҳон менигарам,
Ҳосил ҳама ишрат аст, боқи ҳеч аст.
91.
92
Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт,
В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт.
Бингар, ки чи мекуни ту бо халқи худой,
Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.
93
З-и сақф бурун равоқу даҳлезе нест,
Чуз бо ману ту ақливу тамйизе нест.
Ҳар чиз, ки ваҳм кардаи, к-он чизест,
Хуш бигзар аз он хаёл, к-он чизе нест.

94
Заҳр аст ғами чаҳону май тарекат,
Тарёк хури, зи заҳр набувад бокат.
Бо сабзхатон ба сабзазоре май хур,
З-он пеш, ки сабза бардамат аз хокат.

95
Соқи дили ман зи даст агар хоҳад рафт,
Дарёб кучо зи худ бадар хоҳад рафт ?
Суфи, ки чу зарфи танг пур зи чаҳл аст,
Як чуръа агар хурад ба сар хоҳад рафт.
96
Соқи, ки ғами ман баландовоза шудаст,
Сармастии ман бурун зи андоза шудааст.
Бо муи сафед сархуштам, к-аз ҳати ту,
Пиронасам баҳори дил тоза шудаст.
97
Соқи, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нушу гуле бичин, ки то дарнигари,
Гул хок шудаасту сабза ҳам пок шудаст.
98
Соқи, қадаҳе, ки кори олам нафасест,
Гар шоди аз у як нафас, он низ басест.
Хуш бош ба ҳар чи пешат ояд, ки чаҳон,
Харгиз нашавад чунон ки дилхоҳи касест.
99
Сим арчи на мояи хирадмандон аст,
Бесимонро боғи чаҳон зиндон аст.
Аз дасти тиҳи бунафша сар бар зонуст,
Дар қисаи зар даҳони гул хандон аст.
100
Шоди маталаб, ки ҳосил умр дамест,
Хар зарра зи хоки Кайкубодеву чамест.
Аҳволи чаҳону мулки гети яксар,
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
101
Саҳро руҳи худ ба абри навруз бишуст,
Бархез ба чоми бода кун аҳд дуруст.
Бо сабзхате ба сабзазоре май хур.
Бар ёди касе, ки сабза аз хокаш руст.
102
Сад хона зи хубони дилам вайрон аст,
В-аз гиряи зор бими садчандон аст,
Аз ҳар мижа новадони хун аст равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.
103
Ишқ арчи балост, он бало ҳукми худост,
Бар ҳукми худо маломати халқ чарост?
В-ар неку бади банда ба тақдири худост,
Пас рузи пасин ҳисоб бар банда чарост.
104
Умрест, ки маддоҳии май вирди ман аст.
Асбоби май аст, ҳар чи дар гириди ман аст,
Зоҳид, агар устоди ту ақл аст, ин чо.
Хуш бош, ки устоди ту шогирди ман аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед