Умари Хайём — Рубоиёт — 2

105
Олам ҳама меҳнат асту айём ғам аст,
Гардум ҳама офат асту гети ситам аст,
Филчумла чу дар кори чаҳон менигарам,
Осуда касе нест ва гар ҳаст, кам аст.
106
Умрест маро тираву корест на рост,
Меҳнат ҳама афзудаву роҳам ҳама кост.
Шукр эзидро, ки он чи асбоби балост,
Моро зи касе дигар намебояд хост.
107
Фасиқ хонанд мардумонам пайваст.
Ман бегумонам, хаёлашон бин, ки чи ҳаст.
Бар манн ба хилофи шаръ, эй аҳли салоҳ.
Чуз хамру лавотаву зино чизе ҳаст?
108
Фасли гулу тарфи чуйбору лаби кишт,
Бо як-ду-се аҳлу луъбате хурсиришт.
Пеш ор қадаҳ, ки боданушони сабуҳ,
Осуда зи масчиданду фориғ зи куништ.
109
Гар аз паи шаҳвату ҳаво хоҳи рафт,
Аз ман хабарат, ки бенаво хоҳи рафт.
Бингар чи касиву аз кучо омадаи?
Медон, ки чи мекуни, кучо хоҳи рафт.
110
Гар бар фалаки ба хок бозорандат,
В-ар бар сари нози, ба ниёз орандат.
Филчумла, марв ба чаҳл то битавони,
В-озор мачу, то ба ниёз орандат.
111
Гар дар бари ман дилбари ёқутлабаст,
В-ар оби Хизр ба чои оби инаб аст.
Гар Зуҳра бувад мутрибу ҳамдам Исо,
Чун дил набувад шод, чи чои тараб аст?
112
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Чайҳун асаре зи чашми полудаи мост.
Дузах шараре зи ранчи беҳудаи мост,
Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
113
Гар кори ту нек аст, ба тадбири ту нест,
В-ар низ бад аст, ҳам ба тақсири ту нест.
Таслиму ризо пеша куну шод бизи,
Чун неку бади қазо ба тақдири ту нест.
114
Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст,
В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст.
Гар хирқаву шайҳи набувад,
Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.

115
Гуянд: «Махур май ба шаъбон на равост,
На низ рачаб, ки он маҳи хоси худост».
Шаъбону рачаб маҳи худоянду расул,
Мо май рамазон хурем, к-он хоссаи мост.
116
Гунд касон: «Биҳишт бо хур хуш аст»,
Ман мегуям, ки оби ангур хуш аст.
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози духул шунидан аз дур хуш аст.
117
Гуянд маро, ки дузахи бошад маст,
Қавлест хилофу дил дар он натвон баст.
Гар ошиқу маст дузахи хоҳад буд,
Фардо бини биҳиштро чун кафи даст.
118
Гул гуфт: «Беҳ аз лиқон ман руе нест,
Чандин ситам гулобгар боре чист?»
Булбул ба забони ҳол бо у мегуфт:
«Як руз ки хандид, ки солее нагирист?»
119
Лаъли ту ман музобу соғар кон аст,
Чисми ту пиёлаву шаробаш чон аст.
Он чони булурин, ки зи май хандон аст,
Ашкест, ки хуни дил дар у пинҳон аст.
120
Моем ҳалок аз ғами ҳичронат,
Ҳар чой шави, дасти ману доманат.
Рафтиву ҳазор дил ҳалок аз ғами туст,
Боз омадиву ҳазор чон қурбонат.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед