Умеди ман аз ишқи ту шуд барбод

Аз оинаи чашмам тасвири ҳаёт уфтод,
Вақте, ки умеди ман аз ишқи ту шуд барбод.
Аз коргаҳи гавҳар як силсила ашки ман,
Шуд ҳуҷҷати асли дил ҳаргиз ту надорӣ ёд.
Ҳамроҳи ҳаёи худ дорои шараф будам,
Аз ишқи бишуд барбод ин номи мубарро, дод!
Дар узлати ёди ту як чилланишини ғам,
Шуд номаи умри мо оташкадаи фарёд.
Донӣ ки чаро ҳастам ин гуна ҳақиру зор,
Зеро ки парастидам ин буткада,эй фарёд.
Ҳоло, ки тиҳи шуд дил аз сурату аз девор,
Аз тӯҳмату аз иғво-т озод шудам озод.
Пурсид зи оина, гуфтем, ки занҷир аст,
Пурсид ҳам аз тасвир, гуфтам ки фиреби ёд.
Аз мактаби моҳиҳо, аз мартабаи дарё,
Хомуштарин ором тӯфони пур аз фарёд.
Эй омада кай рафтӣ гулбарги кафи борон,
Ин омадану рафтан эй кош муборак бод.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед