Умр аз пеши дарам мегузарад
Умр аз пеши дарам мегузарад,
Ё ки аз пешу барам мегузарад.
Аз чӣ роҳе ба чӣ ранге бошад,
Навбати умри сарам мегузарад.
Тирамоҳ ояд агар хок ба сар,
Доғи ишқ аз ҷигарам мегузарад.
Таби сӯзон чу маро даргирад,
Модарам аз назарам мегузарад.
Осмон чун ба сарам паст ояд,
Қадри дасти падарам мегузарад.
Ҳар чи дасте ба камарҳо бурдам,
Бо шикасти камарам мегузарад.
Хабари марг зи ҳар як зарабон
Аз дили бохабарам мегузарад.
Оҳ, аз нуру сафо ҳар чӣ, ки буд,
Мисли нури басарам мегузарад…
Дар ин замона ба ҳар баҳона на ту бимонӣ, на ман бимонам,
Насиби дилро зи дори дунё на ту ситонӣ, на ман ситонам.
Чу моҳвора ба осмонҳо кунем парвоз ба суръати нур,
Таҳи заминро, паси фалакро на ту бидонӣ,на ман бидонам.
Чи зуд рондем, ки зуд мондем, ба ҷони хаста дигар ба тундӣ
Ба дашти қисмат саманди навбат на ту биронӣ, на ман биронам.
Фиреби дунё, ғироми дилҳо битохт бар мо чу сели куҳҳо,
Гилеми худро кашидан аз об на ту тавонӣ, на ман тавонам.
Басо давидем ба ёди рӯе, басо фитодем ба хоки кӯе,
Кунун ба сӯе, ба ҷустуҷӯе на ту равонӣ, на ман равонам.
Ба гӯши ҷонон тарона хондем, зи бӯса бар лаб нишона мондем,
Чӣ шуд, чӣ омад, ки аз мусибат на ту бихонӣ, на ман бихонам?
Вуҷуди моро фигор карда, муҳаббат аз мо фирор карда,
Ки бори ғамро ба корвонҳо на ту кашонӣ, на ман кашонам.
Хурӯши мастӣ, ғурури ҳастӣ гузашта аз мо, кунун дареғо
На ту чунонӣ, на ман чунонам, на ту ҷавонӣ, на ман ҷавонам…
18.11.1983