УМРИ ГУЗАРОН
Эй дӯст биё, зи мо ту ҳеҷ рӯй матоб,
Аз дурии ту дилам кабоб аст, кабоб.
Рӯзе,ки зи мо ту дур ҷудо афтодӣ,
Ҳар рӯзи ҷудоият ҳазор рӯз ҳисоб.
Гар ин дили ман зи меҳри ту сар кашӣ кард
Дар гардани дил зи меҳр биандоз таноб.
Аз фикру хаёли ту, ки хоб рафт зи чашм,
Ку хоби ширин туро бубинам ба хоб.
Умри гузарон, ки ҳар замон мегузарад,
Биншин лаби ҷӯй, бубин, дар рафтани об.
Муаллиф: Раҷаббек Сайдзода Сарфароз
Шарҳи худро нависед